ИМА ҳодисаи 15 июлро ба демократия вобаста кард

ИМА ҳодисаи 15 июлро ба демократия вобаста кард

Котиби матбуотии департаменти Давлатии ИМА Ҳеатҳер Науэрт , иқдом ба табадуллоти давлтиро , ки 15 июли соли 2016 дар Туркия ба вуқӯъ пайваст, » ҳамла алайҳи демократия» арзёбӣ намуд.

Ҳеатҳер Науэрт дар изҳороти хатии худ нигошт: -» Ду сол қабл иқдоми табадуллоти давлати  номуваффақ анҷом пазируфт , дар он тахминан 250 шаҳрвандони турк аз  олам чашм пӯшид ва ҳазорҳо инсонҳо захмнок гардид. Ба пайвандони қурбонҳо ва ҷароҳатдидагон таслият изҳор менамоем». Ба андешаи Науэрт , ИМА ҳамеша дар паҳлӯи ташкилотҳои демократии Туркия меистад , ҳароина ташаббуси табадуллоти давлатӣ ҳамла алайҳи демократия аст. Ин ишора бар он аст, ки дар раҳи муҳофизати  демократия бояд   қабл аз ҳама дифоъ аз озодӣ карда шавад».

Аслан бо  иқдоми табадуллоти давлатӣ  ва  бо ишғол намудани ҳукумат  мехостанд бар зидди Ислом ва мусулмонҳо мубориза баранд!

Аз ин лиҳоз мушоҳида кардан осон буд хунтачиён ( низомиёне ки барои табадуллоти давлатӣ  сайъ карданд) дар изҳороти худ паиҳам   дар хусуси системаи алмонӣ ҳарф мегуфтанд ва мусулмонҳоро паст заданд. Яъне хунтачиён хостанд режими демократии Амрикоиро инкор карда, ҷониби демократия бо шеваи Бритониё рӯй оваранд.

Аммо мусулмонҳое ки бар зидди табадуллоти давлатӣ баромаданд, ҳаргиз  дифоъ аз  демократия накарданд.  Балки ҳар кадоме мусулмон ки он рӯз баромад, бо эҳсосоти пур аз эътиқод тазоҳурот кард, вале аз ҷониби Ғарб  ба эҳсосоти онҳо обрурагни ғояҳои демократӣ ва миллатгароӣ дода шуд. Ғояҳои Исломии мусулмонҳоро ҳамчун мафҳуми миллатгароӣ  таъвил намуданд. Намояндагони ҳукуматӣ ба ҷои мавҳуми  «Дӯст доштан ба хотири Аллоҳ ва барои Худо бад дидан» — ро  бо мавҳуми » дӯст доштан барои ватан ва  ба хотири ватан бад дидан»  махлут  карданд.

Расмиён аз тарси он ки  зимоми ҳокимият аз  даст меравад, ба демократия ҳамагонро фаро хонда  ҳамин тариқ каме ҳоҷагонашонро ором карданӣ шуданд.

Ҳол он ки Мусулмонҳо ба кӯча баҳри ҳимояи демократия не, балки ба хотири Ислом  роҳпаймоӣ намуданд. Чунки ҳаргуна иштирокчиёне ки ба тазоҳурот баромаданд, ягон нафари онон демократияро ба забон наовард. Дар кӯчаҳо фақат такбир ва таҳлилҳо садо дода буд.  Шиорҳои ба монанди демократия, миллат ва ватан танҳо тариқи радио ва телевизон садо доду халос.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт