ИМА мехоҳад бо Толибон бидуни миёнарав  мулоқот кунад

 ИМА мехоҳад бо Толибон бидуни миёнарав  мулоқот кунад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади нуқта гузоштан ба ҷанги Афғонистон , ки тӯли 17 сол инҷониб идома дорад, тайёр аст бо ҷунбиши Толибон гуфтушунид анҷом диҳад.  Дар ин хусус раҳбари рисолаи пуштибонии Афғонистон бар сарварии НАТО , Генерал лейтенант Джон Николсон маълум кард.

Николсон роҷеъ ба авлавияти  ИМА дар масъалаи Афғонистон ибрози андеша намуда  афзуд:-» Бино бар иттилои нахусткотиби давлатиии ИМА Майк Помпео , Иёлоти Муттаҳида омода аст бо ҳаракати Толибон музокирот ба роҳ монад ва мавзӯъи нақши неураҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор диҳад».

«Умедворем, онҳо ( яъне Толибон)  низ ҳамин чизро мунтазир ҳастанд ва ин гуфтушунид барои рушди ҷараёни сулҳу оштӣ кӯмакрасон хоҳад шуд»- гӯён изофа кард Николсон.

Расмиёни ИМА бо вуҷуди бо фармони президент Трамп роҳандозӣ шудани  ҳамлаи паиҳами ҳавоӣ дар Афғонисон соли гузашта,  исрор доранд , ки  як қисми мамлакат  таҳти назорати ҳаракати Толибон қарор дорад ва аз ҷониби ИМА ягон  пирӯзӣ ба назар нарасидааст.

Вале  гуфта мешавад ки ҳаракати Толибон на бо ИМА ва на бо президенти феълии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки эътирофаш намекунанд, хоҳиши  мулоқот карданро надоранд.   Аз рӯи талаботи ҳаракати Толибон неруҳои таҷовузкор ҳатман бояд Афғонистонро тарк гӯянд.

Туркистон:

«Зери коса нимкоса ҳаст«, агар  байни ИМА ва  Толибон созиш  ба миён наояд, пас дар он сурат наметавонад лӯлаҳои нафтгузарро аз Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон  гузаронад. Тавъамба роҳ мондани васоити алоқаҳои роҳи оҳан , ки ба уқёнус мебарад, имконнопазир хоҳад шуд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт