Вақт ва суроғаи мулоқоти Путин ва Трамп маълум карда шуд

 Вақт ва суроғаи мулоқоти Путин ва Трамп маълум карда шуд

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп санаи 16 апрели соли равон соати 13:00 дар   кохи президентии  воқеъ дар Хелсинки вомехӯранд. Ин хабарро девони дастгоҳи  президенти Финландия маълум кардааст.

Тавре ки маълум гардид, субҳи 16 июл президенти Финландия Саулӣ Ниинистё бо ҳамсараш Йеннӣ Хаукио , раҳбари ИМА Трамп ва завҷаи ӯро дар  бошишгоҳи шаҳри Мянтуниемӣ пазироӣ мекунанд.

Музокироти байни Путин ва Трамп бошад дар коҳи президентӣ, дар толори Готик  доир хоҳад шуд. Мулоқот ҳатто дар вақти танаффуси нисфирӯзӣ идома меёбад. Чанде қабл аз ин дар қасри мазкур вохӯрии байни вазири корҳои Хориҷии Русия Сергей Лавров ва  котиби давлатии ИМА Майк Помпео баргузор мегардад.

Трамп ва Путин баъди вохӯрӣ дар толори ҳукуматӣ нишасти муштараки иттилоотӣ анҷом медиҳанд. Сониян Ниинистё бо Путин гуфтугӯ хоҳад кард.

Ба Хелсинки бо мақсади равшанӣ андохтан ба вохӯрии байни Трамп ва Путин  қариб  1,5 ҳазор хабарнигор ташриф меоварад. Дар хабари таъсисгарони саммит омадааст:-» Барои  эътимоднома бештар аз 61 давлат арз омадааст. Аз Русия ба Хелсинки  бештар аз 200 нафар журналист меояд».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт