Помпео:  ИМА аз Афғонистон артиши худро берун бароварданӣ нест

Помпео:  ИМА аз Афғонистон артиши худро берун бароварданӣ нест

» Стратегияи ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ бо муваффақият анҷом ёфта истодааст ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нияти ихроҷ кардани артиши худро аз Афғонистон надорад»- гуфт нахусткотиби давлати ИМА Майк Помпео зимни баромад дар Қобул

«Истори мо ба Толибон алакай ишора кард: бигзор хориҷ шудани моро нигарон набошанд. Мо кайҳо боз дар майдонҳои ҷанг муваффақ шудаем ва дар он ҷойҳо  ҳаракатҳои Толибон суст гашта,  рӯ ба осоиши беҳбудӣ овардааст»- илова кард Помпео.

Дар Афғонистон  ҳоло ҳанӯз байни артиши ҳукумат ва ҳаракати  радикалии Толибон, ки қисми бештари мамлакатро, хоссатан деҳоти кишварро ишғол кардаанд, задухӯрд идома дорад.

Туркистон:

 Пӯшида нест, ки ИМА баъди  мағлубият дидан дар Афғонистон, шаҳрвандони афғонро ба якчанд қисматҳо ҷудо намуд, пароканда сохт. Онҳоро  бар ихтиёри ҷамоаҳои мухталифи ба монанди Толибон, Дӯстум ва ҳукумати расмӣ супорида монд. ИМА  ба таври пинҳонӣ ҳар кадоми онҳоро тавассути манбаҳои махфӣ бо яроқу аслиҳа пуштибонӣ кард. Инак, мақсади аслии худро ошкор  сохт. Суоле ба миён меояд, ки ИМА  бо чӣ мақсад ҳар кадоми онҳоро дастгирӣ кард? Ҳадаф  чун ҳарвақта  як гурӯҳи мусулмонҳоро бар муқобили дигаре барангехта, байни онон тухми адоват кошта,  ба хотири фоидаи худ  дар минтақа ҷангҳо эҷод кардан аст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт