Нахусткотиби ИМА бо сафари ғайрирасмӣ ба Афғонистон омад

Нахусткотиби ИМА бо сафари ғайрирасмӣ ба Афғонистон омад

  Ин нахустин ташрифи Помпео ба Қобул, ҳамчун котиби давлатии ИМА ба  шумор меравад.  Чашмдошт аст вай  баъди боздид аз пойтахти Афғонистон ҷониби Абӣ Дабӣ раҳсипор мешавад.  Помпео зимни мулоқот бо Ашраф Ғанӣ  бори дигар хотиррасон кард, ки Вашингтон ҳоло ҳанӯз ҷонибдори  доир гардидани музокирти сулҳ бо ҷумбиши «Толибон мебошад. Ба қавли вай бар сарварии Қобул метавон ихтилофотро бо роҳи осоишта бартараф сохт.

Фақат бар шарте ки Толибон аз ифротгароӣ даст кашанд, бо «Ал-Қоида алоқаҳояшонро батамом баркананд ва қоидаҳои конститутсионии мамлакатро қабул намоянд.

Помпео бо Ашраф Ғанӣ нишасти иттилооти гузарониданд. Помпео гуфт:-» «Толибон» аллакай мағлубияти хдро эътироф кардааст.  Худи мо  имкони анҷом додани гуфтушунидро надорем, яъне берун аз кишвар муамморо бартараф карда наметавонем. Аз ин рӯ  ихтилофотро бояд дар дохили Афғонистон, худи афғонҳо мавриди баррасӣ қарор дода ҳаллу фасл намоянд».

Дар навбати худ  раисиҷумҳури Афғонистон маълум кард ки оштии яктарафа бо «Толибон» поён ёфт. Ин ҷараён аз 30 июн то санаи 7 июл идома дошт. Зимни оштӣ «халқи афғон омодагии худро  дар бартарафсозии ихтилофот нишон дод». Ба андешаи Ғанӣ  саъйю кӯшиш дар мваффақ шудан ба созиш мудовимат дорад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт