Аъзои НАТО аз  паёмади мулоқоти Трамп  бо Путин изҳори нигаронӣ мекунанд

 Аъзои НАТО аз  паёмади мулоқоти Трамп  бо Путин изҳори нигаронӣ мекунанд

 Рӯзҳои 11-12 июли соли равон дар Брюссел саммити НАТО баргузор гардид,  таъсисгарони ин ҷаласа аз  паёмади музокироти Русия-Амрико изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба андешаи онон гуфтушуниди  раҳбарони ду давлат ба амнияти Аврупо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин хусус The Sunday Telegraph   хабар додааст.

Тибқи расонаҳо ашхоси болорутба ки дар саммити алянс иштирок карданд, аз он меҳаросанд  ки мабодо президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари давлати Русия Владимир Путин музокироти навбатиро доир ба » Аз сари нав ташаккул додани ландшафти бехатарии Аврупо» оғоз накунанд. Ба ин ҳол талаботи Трамп ҳамчун сабаб арзёбӣ мешавад.  Мувофиқи талаботи Трамп  аз рӯи  нормаҳои алянс масраф  барои соҳаи мудофиа бояд  бештар карда шавад.

Тавре ки таъкид мешавад, агар Бритониёи Кабир ва дигар мамлакатҳои Аврупо маҷбурияти зиёд кардаи масрафи мудоифаро ба гардан нагиранд, дар он суръат Доналд Трамп низомиёни худро аз Украина берун мебарорад ва  Амрико аз  таълими муштараки низомӣ даст мекашад.

Туркистон

Маъмурияти ИМА аз сиёсати рӯйкарди зӯроваронаи Русия бар зидди ИА истифода бурдан мехоҳад. Дар аввали кор ИМА аз  узвияти созмони ҳифзи Ҳуқуқи башарӣ хориҷ шудСипас, эҳтимоли ихроҷи худро аз НАТО низ эълон карда кӯшиш кард ба Иттиҳоди Аврупо фишор оварадФеълан худи президенти Амрико барои вохӯрӣ бо Путин даъватнома фиристод. Ин кор бар фишорҳои боло тазйиқи навбатӣ зам кард.

Идораи хонаи Сафед итоати ИА ро боз ҳам бештар гардонда, мехоҳад эътироф кунонад ки қуввати ягонаи муҳофизаткунандаи ИА аз шарри Русия айнан ИМА мебошад. Чунки аслан НАТО блоги ҳарбии ИМА мебошад, аз ин рӯ афкоре вуҷуд дорад ки гӯё фақат НАТО ба пеши Русия садди роҳ мегузорад. Аз ин рӯ вай наметавонад Украинаро ғасб созад. Аз ин рӯ ИМА , феълан ИАро  маҷбур мекунад то ин ки ба сарфу ҳароҷоти моддии НАТО бештар саҳмгузор бошад.

Лекин мушоҳида мешавад ки вақтҳои охир  Ҳукумати Москва  ҷониби мамлакатҳои Осиё майл дорад. Аз ин ҳол ИМА сахт дар ташвиш аст. Ба мамлакатҳои аз ҷиҳати саноат мутараққӣ ба монанди  Хитой ва Ҷопон ваъда дод дару дарвозаи Русияро боз мекунад  то ин ки онҳо сармоя гузошта Русияро ба худ вобаста созанд. Ҳароина дар он маврид Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ мустамликаи дигаре хоҳад шуд.

Сипас, ИМА бо иқдоме баромад кард ки Русияро ҳатман бояд ба  ташкилоти «ҳафтгонаи калон» баргардонд. Инак, алъон бо вай вохӯрии расмӣ муайян кард, тавре ки вайро дар масъалаи Сурия ҳамшарики хеш сохта буд, мехоҳад бори дигар бифребад.

Зарбулмасале ҳаст  дар мардум » Наздик наё ки тоқати диданат надорам, дур марав ки гург мехӯрад».  Ҳоло ИМА бар асоси ҳамин нақл кор бурда истодааст. Изҳороти боло бошад мавзеъгирии навбатии ИА мебошад.  Чашмдошт аст ин истор  бино бар натоиҷи музокироти ИМА-Русия ва ё ин ки мувофиқи стратегияи ИМА дигаргун шавад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт