Хитой  дар ҷанги тиҷоратӣ алайҳи ИМА ба андешидани чораҳои амалӣ шурӯъ намуд

Хитой  дар ҷанги тиҷоратӣ алайҳи ИМА ба андешидани чораҳои амалӣ шурӯъ намуд

       Боҷхонаи Хитой дар аксари бандаргоҳҳои   калони мамлакат корҳои аз рӯйхат гузаронидани молҳои воридкардаи ИМА-ро ақибандоз мекунад. Эҳтимол аст кашмакашиҳои тиҷоратӣ байни ду мамлакат ба як ҷанги тиҷоратии густурда мубаддал гардад. Дар ин хусуси ожонсии “Reuters” бино бар манбаҳои мутаалиқи худ хабар додааст.

Аз ҷумла дар боҷхонаи Шанхай  ба қайдгирии аксари амволе ки аз ИМА оварда мешавад, манъ карда шудааст.

Шаби 6 июли соли равон ба маҳсулоти ба қимати 34  млрд доллари истеҳсоли Хитой, боҷҳои иловагӣ  ворид карда шуд. Сониян ҳамчун ҷавоб хабарҳои боло  пайдо шудааст.

 Таъкид карда шуда, ки барои манъ кардани бақайдгирӣ як пешниҳоди бевосита вуҷуд надошт, аммо ба муносибати соҳибэътибор шудани боҷҳои нав,  боҷхонаҳои бандаргоҳҳо дар мунтазири пешниҳодоти нав қарор доранд.

Байни боҷҳо норавшанӣ ба миён омад ва ин ҳол  боиси  дарғазаб шудани трейдерҳо гардид.  Ин дар савдои фючерсҳо беқарорӣ эҷод намуда истодааст.

Хитой рӯзи 6 июл ба 800 намуди маҳсулоти истеҳсоли ИМА боҷи нави ба миқдори 34 млрд долларро ҳамчун ҷавоб ҷорӣ карда буд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт