Мамлакатҳои Араб нақшаҳои ИМА-ро дастгирӣ мекунанд

Мамлакатҳои Араб нақшаҳои ИМАро дастгирӣ мекунанд

Давлатҳои Араб ҷараёни сулҳпарвари байни ИМА-Исроил- Фаластинро пуштибонӣ мекунанд. Дар ин хусус рӯзномаи » Ҳаём»-м  Исроил хабар додааст. Мувофиқи рӯзнома мушовирони олирутбаи президенти ИМА Доналд Трамп, Ҷасон Греенблатт ва Жаред Кушнер баъди сафари Шарқи Наздик маълум кардааст, ки раҳбарони Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб в Иордания,  ҷонибдори нақшаҳои ИМА мебошанд.

Намояндаи рӯзномаи оид ба корҳои Араб Даниел Сирётӣ, давлатҳои Араб   ба Кушнер тавсия додаанд то ин ки ба рӯзномаи Ал-Қудси Фаластин гузориш диҳад.

Туркистон:

Дар гузашта низ собиқ раҳбарони Амрико бо ҳадафи бартараф сохтани ишколи  Фаластин ( Исроил) чандин нақшаҳо  тарҳрезӣ карда буданд, вале ягон нафари онон муваффақ нашуданд.  Инак, Трамп  бо мушовири худ кӯшиш доранд ба ин масъала лоиҳаи тоза омода кунанд.

Ба қавли Трамп ин созиш « созиши ниҳоӣ» хоҳад шуд.Пӯшида нест, ки аҳднома комилан бар фоидаи ( Исроил) аст. Чунки ҳам Кушнер ва ҳам Гринблатт аз яҳудиёни «ортодокс»  буда, онҳо бо (Исроил) алоқаҳои  қавӣ доранд. Трамп низ дар навбати худ  аз садоқати худ бо (Исроил) ифтихор дорад.

 Тавъам  валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон иброз дошт, ки  ин нақшаи Трамп бо номи « Созиши қарн» -ро бо маблағи калон пуштибонӣ хоҳад кард.

Мувофиқи лоиҳаи  « Созиши қарн»  фаластиниҳо аз як қисме аз Соҳили Ғарбӣ ва водии Иордан даст мекашанд. Ва бар ивази он ба заминҳои мувозӣ бо ҳудуди Ғазо ҷойгир мешаванд.

Ин созиш ҳамчун ҳалли бӯҳрони Ғазо ба фаластиниҳо пешниҳод шудааст. Феълан байни  фаластиниҳо корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.

Масалан, тарғибгарон мегӯянд:-» Дар Ғаза имкони барпосозии бандаргоҳи ҳақиқӣ нест, вале агар майдон васеъ карда шавад, барои сохтмони бандаргоҳ,  дарёфти манобеи газ, фурудгоҳи байналмилалӣ ва  барои барпои шаҳри нав , ки барои зисти миллион нафар аҳолӣ муқаррар шуда, имкон омода мешавад». » Бо тавсеа додани заминҳо имкони қабул кардани аксарияти паноҳандагони Ливиё,  Сурия ва Иордания пайдо мегардад. Пас муаммои гурезаҳо ҳал меёбад». «Ҳамин тариқ Ғаза ба як маркази тиҷоратӣ табдил меёбад,  ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ноил мегардад».. ва ҳоказо.

Масъалаи Фаластин масъалаи тамоми  мусуомонҳост ва муаммои исломӣ аст. Аз ин лиҳоз  ин мушкилот фақат бо роҳи шаръӣ, яъне бо  Ислом ҳалли худро меёбад. Яъне ҳангоми ҳалли ин масъала ба Исроил ҳамчун як давлати ғасбгар баҳо дода мешавад ва эътиборан ба ҳамин  мавриди баррасӣ қарор  меёбад.

 Бар замми  ҳамаи ин аҳли Фаластин аҳли муборакзамин аст ва истодагарӣ кардан ва нишон додани муқобилиятро назар ба дигарон худи фаластиниҳо беҳтар медонанд. Агар онҳо чунин намебуданд, Фаластин ким кайҳо зоеъ мешуд ва комилан аз даст раҳо меёфт.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт