Русия:  Мо ба  Қирғизистон қариб 126 миллион доллар кӯмаки низомӣ расонидем

Русия:  Мо ба  Қирғизистон қариб 126 миллион доллар кӯмаки низомӣ расонидем

Русия миқдори кӯмаки низомии ба Қиризистон додаро маълум кард.   Мувофиқи  изҳорот Русия ба Қирғизистон ҳавопаймои низомӣ, тонк, мушакҳо ва яроқу аслиҳа дода, аз ҷиҳати ҳарбӣ  пуштибонӣ мекунад. Ҳамзамон дар баёнот  қайд гардида ки Қирғизистон аз соли истиқлолият инҷониб ҳамшарики стратегии Русия мебошад.

Муовини Раиси ситоди ҷумҳурии Қирғизистон  Нурлан Ҷумаев дар ҷаласаи шӯрои ҳамкориҳои парлумонӣ афзуд:-» Мо кӯмакҳои ба Қирғизистон додаи Русияро лоиқи таҳсин арзёбӣ менамоем. Русия аз соли 2014 инҷониб таҷҳизоти низомӣ ва асбобҳои низомӣ ба миқдори 125,7 миллион доллар ёрдам расонд».

Мувофиқи хабарҳо  феълан  барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои  байни ду давлат пойгоҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ омода аст. Танҳо барои соҳаи низомӣ беш аз 35 созишномаҳои байналмилалӣ ба имзо расидааст. Пойдевори ҳамкориҳои ҳарбӣ соли 1993 барпо шудааст.

Гуфта мешавад ки тайи чандин солҳо Русия Қирғизистонро аз ҷиҳати низомӣ пуштибонӣ мекунад. Вале бо вуҷуди ҳамин тақвият ёфтани артиши Қирғиз ҳло ҳанӯз мушоҳида нашудааст. Фақат қарзи хориҷӣ зам мешаваду халос.

Туркистон:

Русия дорои техникаҳои бузурги низомӣ мебошад ки аз ИҶШС мерос мондааст ва  ногуфта намонад ким кайҳо муддати истифодабарӣ сипарӣ шудааст. Онҳо бо ном захираи аслиҳа дар асл бошад як қабристони бузурги силоҳ асту бас.  Яъне ба монанди партовгоҳи бузурги ҳарбӣ мебошад ки иборат аст аз таҷҳизоти низомии ношоям. Ҳангоме ки Русия ба олам қуввати ҳарбии худро намоиш медиҳад, ба рӯйхати аслиҳаҳо  яроқҳои  зоҳиран зебову дар асл тамоман ношоямро ворид мекунад.

Дар Ҷопон чанд сол пеш заминларза ва обхезии азим ба вуқӯъ пайваст. Онгоҳ Ҷопон мошинҳои  аз АЭСи Фукусима нурзадаи худро ба Русия гузаронд. Ё ин ки мамлакати аз ҷиҳати саноат мутараққӣ ба монанди Олмония ва Корея ба мамлакатҳои саноаташ ақибмондаи ба монанди Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон автомошинҳои кӯҳнаву фарсуда ва мӯҳлати истифодабариаш сипаригаштаро гузаронида буд.

Имрӯз аз ҷиҳати низомӣ пуштибонӣ кардани Русияро ба ҳолати боло монанд кардан мумкин аст.

Яъне Русия низ барои ҷойгир кардани партовҳояш ҷой наёфта мехоҳад онро ба Қирғизистон фурӯшад. Ҳами тариқ бо 1 тир ду нишон мезанад, яъне бо як амал ду фоидаро ба даст меоварад. Аслиҳоеро ки аллакай мӯҳлати истифодабариаш сипарӣ гаштааст ( аз ахлоти худ) халос мешавад. Чунончӣ ин техникаҳоро ба Қирғизистон ва таҷҳизоти низомиро ба маблағи калон мефурушад ва мамлакатро боз ҳам гирифтори мурдоби қарз месозад. Ҳамин тариқ  истеъмори худро боз ҳам қавӣ мегардонад.

Билохир ба ин рӯзҳо низ омада расидем ! Ҳукуматҳо  мамлакатро ба қарз ғӯтавар намуда, бо баробари аз сари қудрат рафтанашон аз ин қарз гӯё халосӣ меёбанд. Бидуни шубҳа қарзи мамлакат бар дӯши халқ бор аст ва айнан халқ онро адо мекунад. Чунки ҳукуматдорони хиёнатпеша меоянду мераванд, халқ бошад ба ягон ҷой роҳи гурез надорадХалқ мутеъи ғасбгарон мешавад, ҳатто бар ивази қарз заминро бар ихтиёри душманон месупорад, раҳбарони дерина бошад дар кишварҳои хориҷӣ  осудаҳолона умргузаронӣ мекунанд. Оре, ин ҳама маблағе ки раҳбарони давлатӣ тӯъмаи хеш месозанд ва ё аз кишварҳои хориҷӣ меситонанд ва ё ин ки аз хазинаи давлатӣ медузданд, аслан боигарии мардум аст ва қарзҳоро низ бар дӯши худи мо бор аст. Баъди  якчанд сол чашмдошт аст Хитой бар ивази қарзи додааш ба мо фишор оварад, онгоҳ мо   то ба кадом дараҷа ноилоҷ  будани худро дар амал эҳсос мекунем!

Имрӯзҳо раҳбарони давлатӣ, нухбаи идоракунанда бо ҳамдигар ба монанди гурги гушна тахту тоҷ талош мекунанд, мо бошем  тамошобини ин сенёрияҳо ҳастем. Ба ҳолати онҳо ,ба ҷанги байни онҳо ончунин беътиноъӣ мекунем ки гуё онҳо аз ҳамдигар пули шахсӣ талош дошта бошанд, ҳатто аҳёнан ба аҳволи онҳо механдем! Ҳол он ки моликияти мардумиро, ҳаққи мову шуморо, маблағҳои ба қарз омадаро ва  манфиатҳои аз паси онҳо меомодаро талош карда истодаанд!!!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт