Таназзули  иқтисодиёти Эрон  сабабгори тазоҳуроти мардумӣ гардид!

 Таназзули  иқтисодиёти Эрон  сабабгори тазоҳуроти мардумӣ гардид!

Бар зидди бӯҳрони иқтисодии ба миён омада, дар бисёр шаҳрҳои Эрон аз ҷумла дар Теҳрон ҳазорҳо нафар тазоҳурот карданд. Раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ тавассути телевизиони давлатӣ ба халқ муроҷиат карда ҳамагонро ба ваҳдат фаро хонд ва аз лоиҳаи пурнайранги ИМА ҳушдор намуд. Вай ба интиқодот марбути бӯҳрони иқтисодии мамлакат вокуниш карда, истеъфо додани  ҳукумати кунуниро инкор намуд.

«Агар бархе дар  андешае  бошанд ки гӯё ҳукумат тарсида ва  ё ақибнишинӣ карда бошад», пас сахт иштибоҳ дорад. Ҳукумат асло истеъфо намедиҳад»- гӯён таъкид намуд Рӯҳонӣ.

Тибқи расонаҳои маҳаллӣ,  мушовири низомии раҳбари Олии Эрон Алӣ Ҳоманаӣ, генерал майор Раҳим Сафавӣ дар рӯй додани  бесуботӣ дар кишвар айнан нухбаи мавҷударо айбдор кард. Ба андешаи вай ҳукумат бо муаммоҳои мамлакат машғул нашудааст ва и боиси носозгорӣ дар ҷомеа гаштааст.

Сафавӣ афзуд:-» Эрон ба мушкилоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мубтало  гардид. Агар ҳамин ҳукумат сари қудрат намебуд, кор обуранги дигар медошт ва мамлакат беҳтар идора карда мешуд».

Феълан дар пойтахти Эрон шаҳри Теҳрон ва боз дар якчанд шаҳрҳо алайҳи ин бӯҳрони иқтисодӣ роҳпаймоиҳои эътирозӣ ҷараён дорад. Бар зидди эътирозгарон ки ҷониби парлумон роҳ паймуданд полиси Эрон бо гази ашкрезанда муқобилият нишон додааст. Ин гирдиҳамоӣ ҳамчун калонтарин тазоҳуроти Теҳрон аз соли 2012 инҷониб арзёбӣ шудааст.

Мувофиқи хабарҳо зимни тазоҳурот шиорҳои » Марг  бод ба диктотур !» садо  дод. Аҳёнан байни ширкаткунандагон ва полиси маҳаллӣ задухӯрд рӯй дода истодааст. Муовини раиси парлумон  ҳукуматро  ба  ҷорӣ  намудани ҳолати фавқулодда  фаро хонд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт