Файзулло Баротзода роҷеъ ба нақши ваҳдати миллӣ дар коҳиш додани ифротгароии динӣ

«ИФРОТИЮН – ИСВАДДАТ ВУҶУҲУҲУМ…». Директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода роҷеъ ба нақши ваҳдати миллӣ дар коҳиш додани ифротгароии динӣ

“Ба зудӣ воқеияти бозиҳои геополитикӣ, кашмакашҳои сиёсӣ барои ба даст овардани манфиатҳои бештари иқтисодӣ ва ниҳоятан чеҳраи ҳақиқии созмону ҳаракатҳои ифротӣ бо шабакаҳои таблиғотию фармоишии онҳо дар минтақаҳои даргири Ховари Миёна ва умуман олами ислому арсаи ҷаҳонӣ ошкору аён хоҳад шуд…”, — менависад дар як нигоштаи худ оид ба нақши ваҳдати миллӣ дар коҳиш додани ифротгароии динӣ Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА. Матни пурраи ин навиштаро, ки муаллиф ба АМИТ “Ховар” фиристондааст, пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ин хабарро АМИТ Ховар пахш кардааст.

Ҳар миллат дар масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва некў ба ҳам омадани қишру табақаҳои кишвар бо ҳолатҳое рў ба рў мешавад, ки як муддат ноил шудан ба мувозинати созгор хусусияти буҳронӣ касб менамояд. Гоҳо халалдор шудани осоиши ҳамдигарӣ боиси гусехта шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ гардида, даҳшати парокандагӣ мардумро дар идроку фаҳмиши воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он  нотавон месозад.

Зарурати таҳияи консепсияи ваҳдати миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба миён овард. Зеро ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар фазои сиёсии кишвари мо ба ғайр аз мақомоти амалкунандаи сиёсӣ боз ду гурўҳи асосии қудратхоҳ зуҳур намуд: яке неруи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рўҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ, ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Шигифтовар он буд, ки ҳамон ҳақиқати талхи таҷрибаи рўзгор дар солҳои 90 асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсўси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ ва таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард.

Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир, чунин давраҳои тақдирсози ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа “ақаллияти созанда” (creative minority)”-ро рўйи кор меоварад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин гуна таҳдиду хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сарвари ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дўш гиранд. Ва дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба санаи фараҳбахши 27 июни соли 1997 – рўзи имзои ҳуҷҷати муҳим- «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонанд.

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба омўзиши масъалаҳои диншиносӣ, исломшиносӣ ва мониторинги вазъи динӣ машғул аст, зимни таҳлилҳои охирини худ доир ба рафтори ҷонибдорони андешаҳои ифротӣ ва тундрав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чеҳраи эҳтимолии иҷтимоӣ ва равонии онҳоро чунин табақабандӣ кард:

 1) Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд. Онҳоро навкар ё мардикори муздур меноманд, кадом кореро, ки ба онҳо фармоянд, барои гирифтани дастмузд иҷро мекунанд. Чунин афрод бештар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз таъсири бади ғурбати рўзгор андеша ва ҷаҳонбинии устувор ҳам надоранд. Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷалбкунандагони гурўҳҳои ифротӣ мешаванд.

2) Касоне, ки дар муҳити суннатии оилавӣ тарбия ёфтаанд ва ҷаҳонбинии онҳо асосан хусусияти динӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона, як қисми афроде, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Афғонистон ҳамчун ҷонибдорони мухолифин муҳоҷир шуда буданд, имрӯз якҷоя бо хонаводаашон ҷонибдори гурўҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд ва барои қабули идеологияи онҳо майлу хоҳиши тамом доранд ва дар фикру андешаи ҷустуҷӯи роҳҳои сафар ба хориҷ, пайвастан ба ин гурӯҳҳо ва дарёфти даромадан ба “биҳишти дурўғин” ҳастанд.

 Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амалҳои коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ мехоҳанд нуқсону камбудиҳои худро рўйпўш кунанд ва аз фазои мушкилзои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва адолатҷў нишон доданӣ мешаванд.

Насли ҷавони мо бояд боварӣ дошта бошад, ки ин равандҳои зукомшакл падидаҳои муваққатиянд ва ба зудӣ воқеияти бозиҳои геополитикӣ, кашмакашҳои сиёсӣ барои ба даст овардани манфиатҳои бештари иқтисодӣ ва ниҳоятан чеҳраи ҳақиқии созмону ҳаракатҳои ифротӣ бо шабакаҳои таблиғотию фармоишии онҳо дар минтақаҳои даргири Ховари Миёна ва умуман олами ислому арсаи ҷаҳонӣ ошкору аён хоҳад шуд.

Ва ба таъбири қуръонӣ ифротиён касоне хоҳанд буд, ки Худо “исваддат вуҷуҳуҳум” (3:106) – “рўйҳояшонро сиёҳ гардонидааст”.

Мутаасифона рӯзамон бар ихтиёри ҳамингуна олимони ба ном исломшиносу дар асл фарсаҳҳо аз воқеаият Ислом  монд.

Бино бар гуфтаҳои Баротзода, агар ба Суннат амал кунад, ҷонибдори идоракунии Шариат бошад, пас вай ифротӣ аст.

Вале, чаро аксарият гурӯҳҳои мухолифат ғайриисломианд? Чаро муҳоҷирони меҳнатӣ ба созмонҳои ҷиҳодӣ мегараванд? Чаро шаҳрвандони қарздор зидди ҳукумат мебошанд?

Пас, ишкол дар Суннат нест, муаммо дар бешуури ва сатҳи пасти дониш нест, тамоми мушкилот дар худи система , дар раҳбаре ки онро татбиқ менамояд ва дар олимони «исломшинос»  ба монанди Баротзода аст ки аз ҷиҳати фикрӣ ақибмондву алмонипарастанд!

Агар шинохтани Ислом тавассути ҳамингуна ашхос бошад, пас ин Ислом Исломи воқеӣ нест. Ҳароина  Шариат дар ягон давру замон бо секуляризм муросо накардааст ва нахоҳад кард! Системаи алмонӣ — секуляризм маънои динро аз давлат ҷудо донистанро дорад. Яъне ба маъное ки » Худо моро офарид, мо инро эътироф менамоем, вале бигзор ба ҳаёти мо дахолат накунад»-мебошад ( астағфируллоҳ).

Хулоса карда гуфтанӣ бошем, ҳаргуна афроде ки мехоҳад дини Исломро олӣ кунад, тарафдори қонуни Шариат бошад, мувофиқи фармони Офаридгораш ва Суннати набавӣ зиндагонӣ карданӣ бошад, магар онон «террорист» ҳастанд?!  Онгоҳ  ашхосе ки динро танҳо иборат аз  ҷойнамоз медонанду мегуяд ки «Худо ба зиндагонии ман дахолат накунад», киҳоанд? Магар ҳамин тоифа фасодкор, яъне «террорист» нестанд?!

Посухи мо чунин аст: Воқеан худи онон ҳастанд — «ИФРОТИЮН – ИСВАДДАТ ВУҶУҲУҲУМ…»!

Мунаввара

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт