Биналӣ Йилдирим:  Ваҳдати минтақавии Хитой бароямон муҳим аст

Биналӣ Йилдирим:  Ваҳдати минтақавии Хитой бароямон муҳим аст

 Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим дар шабаки телевизионии «Бабала ТВ» ба суоли марбути вазъи Туркистони  Шарқӣ ва  аҳволи вазнини мусулмонҳои мазлуми он сарзамин посух дод. Ба андешаи Йилдирим масъалаи Туркистони Шарқӣ ин масъали бениҳоят нозук аст ва  нуқтаи назари ҳукумати турк ба ин ҷиҳат аниқу равшан мебошад.

«Ваҳдат ва истиқлолият Хитой бароямон хеле муҳим аст. Дар Туркистони Шарқӣ бародару додар ва апаву хоҳарони мо иқомат доранд. Лекин агар онҳо ба террор дахолат кунанд, ифротгар шаванд ва бар зидди  ҳуқуқҳои истиқлолият  бароянд, мо ингуна ҳаракатҳои ононро қатъиян инкор менамоем ва ҳамчун аъмоли номақбул арзёбӣ мекунем» — гуфт нахустазир

Гарчанд маъмурияти Пекин нисбати мусулмонҳо уйғуртабор ингуна муомила мекунад, Биналӣ Йилдирим дифоъ аз  Хитой мекунад.  Мусулмонҳои Туркистони Шарқиро «террорист» гуфтад, ин ҳол боиси эътирози аҳли олам, аниқтараш боиси норозигии мусулмонҳо шуд. Ҳароина, ҷиноятҳои ҳукумати Хитой, ваҳшонияти он алайҳи мусулмоҳо поён надорад ва рӯзафзун шиддат меёбад. Ҳатто дар ҳафтаҳои охир дар Туркистони Шарқӣ ҳазорҳо мусулмонҳо  боздошт ва ҳабс шуданд ва олимҳо дар маҳбасхонаҳо дучори азобҳои шадид гардиданд. Бештари онон таи шиканҷаи зиёд  ҳатто кушта шуданд.

Раҳбари шӯъбаи иттилоотии Ҳизби Таҳрири Туркия Маҳмуд Қор тавассути саҳифаи иҷтимои худ  аз баёноти болои нахуствазири Туркия интиқод кард ва гуфт: —  «Вақте ки сухан дар бораи масъалаи Туркистони Шарқӣ меравад , ин ҳукумати худкома ва нахуствазири он дифоъ аз золимин менамояд.   Ва мегуяд ки » Ваҳдати Хитой ва истиқлолияти он бароямон муҳим аст».  Ҳароина  ҳукумати разили хитоӣ мусулмонҳоро «ифротгар» меномад. Дидаву дониста, аз ҳақиқат чашм пӯшидани ҳукумати Туркияро чи гуфтан мумин аст? Воқеан ин як шармандагие беш нест! «.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт