Байни Ўзбекистон ва  ҷумбиши Толибон мулоқот баргузор гардид

Байни Ўзбекистон ва  ҷумбиши Толибон мулоқот баргузор гардид

 Бино бар иттилои сомонаи расмии вазорати корҳои  Хориҷии ҷумҳурии Ӯзбекистон, байни ҳукумати Ӯзбекистон ва ҷумбиши Толибон музокирот баргузор гардид.  Сомона дар хусуси эъломи изҳороти марбути ин вохӯрӣ  эълон намуд.

 » Мувофиқи созиши марбути муаммои Афғонистон , ки санаи 27марти соли 2018 дар конфоронси шаҳри Тошканд имзо ёфтааст, ҷумҳурии Ӯзбекистон дар барқарории сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат кӯмаки аввалиндараҷа мерасонад. Минбаъд низ дар мадади кишвари ҳамсоя мудовимат хоҳад кард. Ӯзбекистон дар мобайни даври гузашта ба гурӯҳи  мулоқотии  Байнламилалии ҳукумати Афғонистон, ИМА, ҶМХ, Россия аъзо мебошад. Бо  намояндагони ин давлатҳои аъзо ва минтақаи Авруосиё, Осиёи Ҷанубӣ, давлатҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар масъалаи  мушкилоти Афғонистон чандин маротиба вохӯриҳо роҳандозӣ намуд.

Дар форум масъалаҳои  ҷилавгирӣ  аз қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза алайҳи тундгароӣ, ҳамкории иқтисодии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Эътимодномаи Тошканд марбути ин масъалаҳо  ҳамчун як кори муҳими сиёсӣ дар амалӣ гардонидани масъалаҳои ҳалталаб хизмат  карда истодааст.

 Ҳамзамон бо ҳадафи амалӣ гардонидани мавзеъгирии умумии иштирокчиёни конфронс, ҷониби Ӯзбекистон алоқаҳои зарурӣ барпо намуда бо вакилони  баландпояи ҷумбиши Толибон вохӯриҳои амалӣ гузарониж. Дар мулоқотҳо истиқболи ҳамкориҳаои байниҳамдигарӣ  дар рушди иқтисодиёти Афғонистан, инчунин масъалаи сулҳу амни ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ин рӯ Ӯзбекистон   қарори оташбаси ҳукумати Афғонистон ва ҷумбиши Толибонро дар ҷашнгирии иди рамазон  лоиқи эҳтирому таҳсин медонад. Ӯзбекистон бо ин сулҳу созиш барои кашол додани муддати қарори оташбас ба раҳбари Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо назари умед менигаранд.

Бино бар авзоъи мавҷуда ва бар асоси ташаббуси ҷумҳурии Ӯзбекистон вазори корҳои Хориҷӣ барои ташкил кардани  ҳаргуна  марҳилаи мулоқоти байни ҳукумати Афғонистон ва ҷумбиши Толибон  омода аст  дар ҳудуди Ӯзбекистон  шароити мусоид фароҳам оварад»- омадааст дар изҳорот.

Туркистон: 

Сиёсати байналмилалӣ бо иқдому сайъу кӯшиши ИМА  торафт мехоҳад дар Афғонистон бесарусомонӣ эҷод кунад. Иқдомҳои эҷоди воҳимаи қалбакии ҳарбӣ  дар ин сарзамин, танҳо барои тақвият бахшидани  қуввати таъсири низомии ИМА  ба Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.

Вақтҳои охир Россия  бо паҳн кардани ваҳми  қалбакӣ дар Афғонистон манфиатҳои худро тақвият бахшад. Онгоҳ  сиёсатмадорони ИМА мавзеъгирии худашонро тағйир дода, паиҳам изҳорот паҳн карданду гуфтанд ки «Аз Афғонистон барои Осиёи Марказӣ ягон хавфу хатаре мавҷуд нест«.

Ӯзбекистон дар маркази Осиёи  Миёна ҷойгир астинчунин яке аз давлатест калонтар дар минтақа ва қуввати таъсиррасониаш қавитар. Аз ин лиҳоз, дар барқарорсозии  бехатарии дохилии Афғонистон бевосита худаш иштирок  дорад. Агар равшантар карда гӯем, бо иҷозати ИМА мехоҳад воҳимаи бардурӯғи Россияро паҳну парешон созад.  Ӯзбекистон дар мобайни якчанд сол бо пешниҳоди ИМА барои тақвият бахшидани зерсохтори дохили Афғонистон  кӯшиш ба харҷ мебарад. Ҳамин тариқ бо иқдоми боло барои боз ҳам бештар таваҷҷӯҳ нигаронидан ба ҳудудҳои  мутаалиқи Толибон ваъда медиҳад.

Инак, воҳимаи қалбаки низомиро ки  ҷашмдошт аст дар оянда рус паҳн созад пешгирӣ намояд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт