Путин:  Ҷанги Сурия  барои тамрини артиши мо ва санҷидани аслиҳаҳоямон имконияти беҳамто шуд

Путин:  Ҷанги Сурия  барои тамрини артиши мо ва санҷидани аслиҳаҳоямон имконияти беҳамто шуд

 Ба андешаи Президенти Россия Владимир Путин амалиёти низомии Сурия барои неруҳои мусаллаҳи Россия як таҷрибаи ноёфт шуд.  Вай таъкид намуд, ки мудохилаи Россия ба ҷанги Сурия  барои зиёд кардани қобилияти ҷангии артиши рус ва  аз санҷиш гузаронидани аслиҳаҳои нав имконияти беҳамто фароҳам овард.

Путин дар барномаи «Прямая линия» иштирок карда  ба суоли хабарнигорон посух дода афзуд: -» Ин имконе буд барои истифодабарӣ ва ташаккул додани  неруҳои мусаллаҳ дар майдони ҷанг . Ҷанги Сурия воситаи беҳамто шуд. Ягон машқро бо истифодабарии қувва дар шароити ҷанг муқоиса карда намешавад».

Мувофиқи ожонсии Қрим, бар  гуфтаҳояш  Путин чунин изофа намуд:-» Номнависи теъдод , тамға ва навъи силоҳ дар коғаз чизи дигар асту, дар амал татбиқ кардани он чизи дигар. Минбаъд афсарон ва генералҳоямон маънои ҷангиданро бо аслиҳаҳои замонавӣ сарфаҳм рафта истодаанд».

Чунончӣ дар барномаи телевизионӣ Путин  дар хусуси муддати бошиши артиши рус дар қаламрави Сурия таваққуф намуд. Ба қавли вай неруҳои Россия то ба вақте ки вазоифи худро ба анҷом  намерасонанд, хоки Сурияро тарк нахоҳанд кард. Путин гуфт:-» Артиши мо барои ҳимояи манфиати Россия дар ин минтақаи муҳим, дар он сарзамин қарор доранд».

Расмиёни рус маълум карда буданд ки Москва аз  соли 2015 инҷониб дар ҷанги Сурия бештар аз  200 аслиҳаи навинро аз  санҷиш гузаронидааст.

Ташкилотчии  ҳифзи ҳуқуқи башарӣ артиши русро  дар куштори ҳамагонӣ айбдор гуфт.  Артиши рус мактабҳо , касалхонаҳо ва биноҳои истиқоматиро  аз ҳаво ба нишон гирифта  аҳолии осоиштаи иборат аз занону кӯдаконро  қатл намуд.  Москва бошад бо вуҷуди он ки сабабгори фавти сокинони сершумор шудааст ва  тамоми олам аз  амалҳои артиши рус бохабар аст, ин ҷиҳатро инкор намуд ва то  ба ҳанӯз эътироф намекунад.

Туркистон: 

Худо хорат кунад Путини бадбахт !  Парвардигор даҳҳо маротиба хору залилат гардонад Путинро бо артиши хунхораш!Ногуфта намонад ки  қумондонҳои артиши кишварҳои исломӣ бо сукути хеш  миллионҳо Мусулмонҳоро тӯъмаи  артиши олами куффор намуданд! Худо якояки шуморо муҷозоти мувофиқ  диҳад!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт