Интиқоди  вазирони корҳои  хориҷии СПАД аз ИМА

Интиқоди  вазирони корҳои  хориҷии СПАД аз ИМА

 Дар изҳороти қабул кардаи раҳбарони сиёсати хориҷии давлатҳои  аъзо ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гуфта мешавад, ки раҳбарони вазоратҳо аз ҳаракатҳои  идораи ИМА норозӣ ҳастанд. Ин хабарро РИА HYPERLINK «https://ria.ru/world/20180611/1522514274.html»“HYPERLINK «https://ria.ru/world/20180611/1522514274.html»Новости”  пахш кардааст.

» Ба «Созиши Маҳв сохтани мушакҳои масофаи Миёна ва кӯчак» , таҳдидҳои нав тавлид шуд. Аз ин кор мо изҳори нигаронӣ мекунем. Ин ташвишҳо ба туфайли ҳал наёфтани якчанд мушкилоти марбути ин созиш , сар задааст. Хусусан, ин ҷиҳат ба барномаҳои низомии ИМА таалуқ дорад.  Ин барномаҳо  бархилофи нақша иҷро мешавад»- омадааст дар матни баёнот.

Тавре ки СПАД мегӯяд, мамлакатҳои Беларус, Қазоқистон ва Россия «тарафҳои дохили созиш маҳсубанд  ва дар ин созиш мавзеъгирии қатъиро риоя мекунанд».

Туркистон:

Россия Осиёи Марказӣ торафт ба маркази ихтилофоти низомӣ ва сиёсии байналмилалӣ табдил дода истодааст. ИМА тавассути Афғонистон дар Осиёи Марказӣ хатари бардурӯғи ДОИШ ро паҳн намуда, ҳамин тариқ мехоҳад иштироки худро дар ин минтақа тақвият бахшад. Бо ҳамин мақсад чандин ҳаракатҳои стратегӣ роҳандозӣ намуд. Гарчанд ин ҳаракатҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳаракатҳои Хитой дар Осиёи Марказӣ  ҷорӣ шудааст, Россия аз ин вазъият барои  барқароркунии қуввати таъсири худ дар ин минтақа истифода бурдан мехоҳад. Чунин мавзеъгирии Россия ба Хитой маъқул аст аз ин рӯ, вай ( Россия) бо Хитой алоқаҳои сиёсӣ ва иқтисодиашро боз бештар тақвият бахшида ҳамин тариқ аз ҳолати муҳосираи иқтисодӣ ва  сиёсӣ, ки олами Ғарб алайҳи Россия роҳандозӣ кардаастхалос шудан дорад.

Агар дар хусуси авзоъи Осиёи Марказӣ таваққуф карданӣ бошем, пас сохтори Путин ҳамеша тайёр аст бо ҳадафи боқӣ гузоштани нуфузаш ин минтақаро ба полигони ҳарбӣ мубаддал созад ! Мебинем ки Россия ва Хитой мехоҳанд зӯран давлатҳои аъзо ба СПАДро ҷониби мақсадҳои хеш ҷалб намоянд, ана ҳамин ҷиҳат далели гуфтаҳои моанд. Ҳамзамон Россия алоқаҳои худро бо  Хитой низ  мехоҳад чун пештара  барқарор кунад, яъне ба ҳамкори страгеии худ  табдил диҳад. Лекин бояд эътироф намуд ки ин ҷиҳат барои Осиёи Марказӣ ягон зарра судбахш нест!

Яъне мабодо ки дар сиёсати байналмилалӣ ба мобайни ин давлатҳои абарқудрат даромада, тараферо ҷонибдорӣ кунем. Ин сиёсати бениҳоят хатарнок аст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт