Трамп ҷонибдори баргаштани Россия ба «Ҳафтгонаи калон»

Трамп ҷонибдори баргаштани Россия ба «Ҳафтгонаи калон»

 Раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп Россияро барои баргаштан ба таркиби  » Ҳаштгонаи калон» фаро хонд. Дар ин хусус РИА Новости  хабар медиҳад.

Президенти ИМА ба хабарнигорон чунин ҷавоб дод: -» Мувофиқи табъи дилатон ҳаст ё на намедонам, шояд инро як густохӣ ва бадабӣ маҳсубед. Ҳоло  G7 ҳаст, пештар G8  буд, Россияро ихроҷ карданд, аммо ба андешаи ман Россияро ҳатман баргардондан лозим аст.  Барои мо авлавият дорад ки ин давлат гирди мизи музокироти мо арзи ҳастӣ дошта бошад».

Феълан «Ҳатфгонаи калон» аз  давлатҳои Олмон, ИМА, Канада, Ҷопон, Фаронса, Бритониёи Кабир ва Италия иборат аст.

Россия аз соли 2002 то ба соли 2014 узви ин созмон буд. Соли 2014, вақте ки Қримро ба таркиби  худ ҳамроҳ намуд,  Россияро аз  ин созмон  хориҷ карда буданд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт