Сооронбой Ҷээнбеков  бо раиси ҶМХ  Си Тзинпин  вохӯрд

Сооронбой Ҷээнбеков  бо раиси ҶМХ  Си Тзинпин  вохӯрд

Дар вақти ташриф ба Хитой  президенти Қирғизистон Сооронбоқ Ҷээнбеков бо раҳбари Хитой Си Тзинпин вохӯрд. Ҷээнбеков зимни суханронӣ аз сафари нахустини худ ба Хитой изҳори мамнуният кард. Чунончӣ гуфт ки ҳамкориҳои дуҷониба ба як марҳилаи нави таърихӣ баромада истодааст.

 Дар таркиби ҳайъати Қирғизистон  бар раҳбарии Ҷээнбеков вазири корҳои хориҷӣ Эрлан Абдилдаев, сарвари шӯъбаи сиёсати хориҷии маъмурияти президент Дониёр Сиддиқов, ноиби сарвазир Замирбек Асқаров, депутатҳои Ҷоғорқу Кенеш Ақилбек Ҷапаров, Исхақ Масалиев, Адил Ҷунус ӯғлӣ, Қубаничбек Нурматов, раиси хадамоти кадрҳои Давлатӣ Акрам Мадумаров, вазири  Молия Адилбек Касималиев, вазири Иқтисодиёт Олег Панкратов, вазири ҳоҷагии Қишлоқ Нурбек Мурашев, вазири тандурустӣ Космосбек Чолпонбаев, вазири роҳ ва Нақлиёт Ҷамшитбек Қалиев, вазири Меҳнат ва рушди иҷтимоӣ Таалайгул Исакунов, раҳбари қумитаи давлатӣ оид ба қувваи энержӣ ва истифодабарии сарвати зеризаминӣ Улан Рисқуловҳо ҳастанд.

Дар хабар омада ки Сооронбой Ҷээебеков  мувофиқи таклифи раиси Хитой Си Тзинпин  то ба 10 июни соли равон меҳмони хитоиҳо мешавад. Дар давоми ташриф Ҷээенбеков бо вазири шӯрои давлатии Хитой Лӣ Кетсян ва раиси доимии шӯрои вакилони мардумии куллиХитой Лӣ Чжаншу мулоқот  ороста дар ҳаштумин ҷаласаи раҳбарони Давлатҳои аъзо ба созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Тзиндао баргузор мегардад, иштирок мекунад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт