Путин   қонуни зиддитаҳоримро  имзо кард

Путин   қонуни зиддитаҳоримро  имзо кард

Раҳбари Россия Владимир Путин қонуни » Таъсир расондан ба иқдомҳои ғайридӯстонаи ИМА ва дигар давлатҳои хорҷӣ»- ро ба имзо расонд. Санади мазкур дар портали расмии ҳуқуқӣ-иттиоотӣ эълон кард.

Санад  ба ҳукумати Россия имкон медиҳад зидди ИМА ва дигар мамлакатҳо ба сабаби ҳаракатҳои ғайридӯстонаашон таҳорими ҷавобӣ ҷорӣ намояд.  Чораҳо бар созмонҳое ки таҳти таъсири  қонунэҷодкунӣ қарор доранд, чунончӣ зидди ашхоси баландпоя ва шаҳрвандон истифода бурда мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби спикери думаи Давлатӣ Вячеслав Володин ва раҳбарони фраксияҳо  тартиб дода шудааст. Ҳамзамон , ин санад дар палати поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар паёмади кор то ба дараҷаи эҳсоскунанда  дигаргун карда шуд.

Дар таҳрири аввал ба ҳукумат 16 ҳуқуқи истифодаи чораҳои ҷавобӣ дода шуд. Ба хониши дуввум омада вай  ба шаш-то ихтисор гардид.

Туркистон: 

Путин алайҳи олами Ғарб танҳо ҳамлаи иттилоотӣ мекунаду бас. Чунки бо касофати Путин Россия ба давлате аграрӣ мубаддал ёфт, ки ниёзманди сармоядорон аст. Вай торафт ба бозори ҷаҳонӣ ва базаи бузургиашёи хом табдил ёфта истодааст.

 Ингуна фазо бечунучаро мамлакатҳои абарқудрати истеъморгаронро  ба худ ҷалб месозад. Аз ин рӯ, Путин дар форуми иқтисодии Петербург ишора бар он кард, ки давлатҳои калони ба монанди Япония, Хитой ва дигарҳо ҳатман бояд ба Россия сармоя гузоранд.

Агар Ҷопон воқеан ба Россия  моил шавад, пас ин кор бархилофи манфиатҳои ИМА нест. Чунки Ҷопон низ аз  зумраи   давлатҳоест ки таҳти таъсири ИМА қарор  дорадБа тариқи мисол ширкати  мошинсозии Даевои  воқеъ дар Ӯзбекистон, зери таъсири ИМА ва  кони тиллои Қумтори Қирғизистон таҳти назорати ширкати  “Centerra gold” и Канада  мебошад.

Агар дар хусуси баёноти болои Путин таваққуф карданӣ бошем, вай  худро чунин вонамуд карданӣ ҳаст ки гӯё рақиби олами Ғарб бошаду бо онҳо набард ба роҳ монда бошад. Аслан, ИМА барои  Япония барин давлатҳо имконияти сармоя гузоштанро фарҳам оварда медиҳад. То ин ки қабл аз он ки давлатҳои ИА Россияро бевоситаи толону тороҷ кунанд,  вай ( яъне ИМА) шитоб дорад  тавассути Япония ҳарчӣ зудтар Россияро комилан бар доми хеш фурӯ барад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт