Хитой  дар  ишғоли обҳои ҳудудӣ ИМА-ро муттаҳам медонад

Хитой  дар  ишғоли обҳои ҳудудӣ ИМАро муттаҳам медонад

Киштиҳои низомии Амрико худсарона ба обҳои ҳудуди  Хитой зада даромаданд. Дар ин хусус вакили вазорати Мудофиаи РМХ У Тсян хабар дод.

Тсян чанде қабл  хабари ВАО-ро тасдиқ карда буд. Дар он гуфта мешавад, ки эсминеси Higgins   ва крейсери  дорои аслиҳа USS Antietam  аз ҷазираҳои  Сиша (Парассельс) то ба  12  мили баҳрm убур кардаанд.

Вакили муассисаи мудофиаи Хитой чунин изҳорот дод:-» Киштиҳои ИМА рӯзи 27 майи соли бидуни ризогии ҳукумати Хитой худсарона ба акваторияи ҷазираҳои Сиша зада даромад». Пекин ҷавобан ба ин иқдом ба ҳудуди баҳри Хитойи-Ҷанубӣ авиатсияи нобҳои худро фиристодааст.

 Аз рӯи иттилои вакили вазорати Мудофиаи Хитой,  ба низомиёни амрикоӣ ишора шуд, то ин ки акваторияи ҷазираи Парасселсро тарк гӯянд.

Вазири Мудофиаи Хитой барои тақвият бахшидани бехатарии  ҳавоӣ ва баҳрии мамлакат, ҳамзамон барои ҳимояи дахлнопазирии  давлат ваъда додаанд. Вазорати Мудофиаи Хитой таъкид мекунад, ки қарори ҳимояи сулҳ ва барқарории Пекин дар минтақа, қатъӣ аст.

Намояндагони хадамоти матбуотии Пентагон Кристофер Логан ба РИА Новости  чунин эзоҳ дод:-» Новҳои неруҳои баҳрии Низомии ИМА дар баҳри Хитойи Ҷанубӣ бар асоси қонуни байналмилалии озодии киштиронӣ ҳаракат мекунад , яъне ягон амалеро бархилофи қонуни байалмилалӣ анҷом надодааст».

Логан ба тариқи изофа афзудааст:-» Неруҳои ИМА дар минтақаи уқёнуси Осиё- Ором, аз ҷумла дар ҳудуди баҳри Хитойи Ҷанубӣ паиҳам ҳаракат карда истодааст.  Ҳаргуна ҳаракат бар асоси қонуни байналмилалӣ иҷро карда мешавад ва Иёлоти Муттаҳида дар ҳар ҷое ки қонун иҷозат додааст, парвоз мекунад, шино менамояд ва ҳаракат ба анҷом мерасонад».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт