Ҳамшираи шафқат аз ҷониби аскарони яҳудӣ кушта шуд

Ҳамшираи шафқат аз ҷониби аскарони яҳудӣ кушта шуд

Резан Наҷҷор ном ҳамшираи шафқат дар сафи табибони фидоӣ ба замхдидагони минтақаи Хон Юнуси Фаластин кӯмак мерасонд.  Чанд рӯз қабл аз ин   пеш аз ифтор аз ҷониби аскарони яҳудӣ кушта шуд. Маълум гардид, ки Резан Наҷҷорро снайпери яҳуд тир холӣ карда ба ҳалокат расонидааст.

 Ҳамшираи шафақати 24 сола ба ҷабрдидагон ва захмиёне ки  дар ҷараёни муҳофизаи Қудс аз тарафи аскарони яҳудӣ  дучори ҳамлаи шадид шуда, аз тир ҷароҳат дидаанд, кӯмаки тиббӣ мерасонид. Ӯ дар сафи фидоиён хидмат ба ҷо меовард.

Котиби матбуотии вазорати  Тандурустии Фаластин дар Ғазо Ашраф ал- Кудра дар изҳороти хаттии худ навиштааст: -» Ҳамшира Наҷҷор дар шаҳри Хон Юнуси қисми ҷануби Ғазо, аз тарафи аскарони яҳудӣ кушта шуд. Ҳамширадухтар як ҳафта пеш аз ин дар чодари » Юриши Бузурги Фаластин», бо як марди мусулмон издивоҷ карда буд, наварӯс буд».

Ногуфта намонад ки феълан  даҳумин ҳафтаи тазоҳуроти осоиштаи бесилоҳи мусулмонҳои фаластинӣ  дар соҳили Ғазо, алайҳи  яҳудиҳои ғосиб , идома дорад. Аскарони яҳудӣ ба мусулмонҳои бесилоҳ тир холӣ карда, паиҳам ҳамла меоваранд. Дар натиҷаи ҳамлаи яҳудиҳо дастикам 110 мусулмон қурбон шуд ва ҳазорҳо тан эътирозкунандагон ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ  дидаанд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт