Назарбоев  ҳуқуқи раҳбарии якумраро ба шӯрои Бехатарӣ ба даст овард

Назарбоев  ҳуқуқи раҳбарии якумраро ба шӯрои Бехатарӣ ба даст овард

 Сенати парлумони Қазоқистон ( палатаи болоӣ) рӯзи панҷшанбе лоиҳаи қонуни шӯрои Бехатариро тасдиқ намуд. Санад ба президенти феълӣ Нурсултон Назарбоев ҳуқуқи раҳбари якумраро ба ШБ медиҳад. Ин хабарро РИА Новости пахш кардааст.

Моҳи феврал вазири Адлияи Қазоқистон Марат Бекетаев ин иқдомро чунин шарҳ дод:-» Назарбоев ба мамлакати Қазоқистон хидмати арзанда кардааст , барои тақвият бахшидани барқарорӣ ,  сулҳу субот ва ободонӣ саҳми арзанда гузошт. Аз ин лиҳоз ба Назароев ҳуқуқи идоракунии якумра дода шуд».

Дар хулосаи ниҳоии қумитаи органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва суд, қонунбарории конститутсионӣ омадааст:-» Президенти якуми ҷумҳурии Қазоқистон — Раҳбалад ба туфайли рисолаи таърихии худ соҳибҳуқуқ гардид ба шӯрои Бехатарӣ то охири умр раисӣ кунад».

Барои имзои ёфтан  лоиҳаи қонун ба президенти Қазоқистон фиристода шуд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт