Вазири  мудофиаи Бритониё : Мо бояд бо Толибон музокироти расмӣ гузаронем

Вазири  мудофиаи Бритониё : Мо бояд бо Толибон музокироти расмӣ гузаронем

 Вазири Мудофиаи Бритониё Гэвин Уилямсон изҳорот дода гуфт , ки ҳукумати Бритониё ба хотири пойдор намудани сулҳу субот дар хоки Афғонистон бояд бо Толибон мулоқот анҷом диҳад. Ингуна изҳороти вазир  баъди зиёд афзудани теъдоди неруҳои эътилофӣ бар сарварии ИМА, садо дод.

Уилямсон гуфт:-» Бо мақсади барпо намудани сулҳ дар Афғонистон Бритониё ҳатман бояд бо Толибон гуфтушунид кунад».

Мувофиқи хабари рӯзномаи  «Дейли телеграф»-и  мутаалиқи Бритониё, вазири   Бритониё ба монанди дигар давлатҳои калон ба тақдири ояндаи Афғонистон беъэтино нест ва ба интихоботи имсола, ки дар Афғонистон баргузор мегардад,, Бритониё низ ҷавобгар аст.

Ҷунбиши Толибон  ба мардуми Бритониё баёнот фиристода, аз оқибати ҳаракатҳои кӯтоҳандешона ҳушдор намуд. Онҳо дар изҳорот гуфта буданд, ки халқи Бритониё набояд ба ҷанги Афғонистон фарзандонашонро гуселонанд ва барои хунрезии фарзандони афғон шарик нашаванд. Дар изҳороти ҷумбиши Толибон  омадааст:-» Ай халқи англис! Магар мехоҳед  ҷисми беҷони фарзандонро пешвоз гиред? Оё мехоҳед фарзанди зинда ба ҷанг рафта, аз он ҷо бо тобут ба Англия баргардад? Ва ё ин ки ҷонибдори маъюб ва   ақлан носолим шудани авлод  ҳастед? Пас , аз фиристодани фарзанд ба ҷанги Афғон, аз куштани фарзандони афғонзамин, худдорӣ намоед!».

 Мувофиқи хабари  охир, шӯъбаи матбуотии ҷумбиши Толибон маълум кард, ки ду ноҳияи вилояти Ғазнӣ зимни амалиёти Ҳандақ  таҳти назорати ҷумбиши Толибон гузаштааст .  Феълан,  гуфта мешавад Толибон пойгоҳи низомии ҳавоӣ, ки дар ихтиёри ИМА ва неруҳои эътилофӣ буд, ишғол намудааст. Бино бар иттилои сухангӯи вазири мудофиаи Афғонистон, барои кашида гирифтани пойгоҳи ҳавоӣ аз дасти  Толибон , дар ояндаи наздик амалиёти низомӣ сар мешавад.

Чунончӣ,  аз рӯи  ахбори  ҷумбиши Толибон, бештар аз 400 адад аз сокинони деҳоти Багҳ Малмӣ, Ашлан ва Тақмани  ноҳияҳои Чаҳор Сада , Толибонро дастгирӣ мекунанд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт