Табрикоти моҳи шарифи Рамазони соли  1439, соли  2018 мелодӣ

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيم

Табрикоти моҳи шарифи Рамазони соли  1439, соли  2018 мелодӣ

 Ҳамду ситоиш ба Худованд бод, ба  Росулуллоҳ ﷺ, саҳобагонашон ва ба тамоми рафиқу пайравони он кас дурду саломҳо бод, аммо баъд:

Ба Уммати афзалтарин барои инсонҳо,

Ба абармардоне ки зикри Худо барояшон авлотар аст аз савдову тиҷорату додугирифт,

Ва ба якояки зоирони ин саҳифа…

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Ҳамаи Шуморо бо фарорасии ин моҳи мубораки Рамазон, яъне

 شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ

«Моҳи рамазон моҳе, ки фуруд оварда шуд дар он Қуръонро раҳнамо барои мардумон ва суханони рӯшан аз ҳидоят  (ва аз ҷудо кардани ҳаққу ботил )» [Бақара 185]

муборакбод мегӯям.

Аллоҳи Муттаол  оғози ин моҳро раҳмат, мобайнро мағфират ва  охирашро  ҳамчун даҳаи наҷот аз оташи дӯзах қарор дода,  ҳамин тариқ ба мусулмонҳо икром арзонӣ намуд… Дар ин моҳи муборак Қуръони Карим нозил шуд, дар он чандин ғалаба ва фатҳулмубинҳо  ба вуқӯъ пайваст….  Ин моҳ-   ҳамчун моҳи саъй, ҷидду ҷаҳд маҳсуб аст. Ин моҳи ибодот, сабр ва ҷиҳод аст… . Пас, ай мусулмонҳо, камари ҳиммат бандед, дар ин моҳи муборак бо ҳамдигар дар аъмоли солеҳ ва накӯкорӣ сабқат кунед. Зеро дар рамазон аҷру ҳасаноти беҳисоб дода мешавад… .

Ман аз Аллоҳи Субҳанаҳу илтиҷо карда мепурсам то ин ки рӯзаи мусулмонҳоро ва қиёмул лайли онҳоро ба даргоҳи муборакаш қабул фармояд. Ин моҳро калиди хайру баракот гардонад ва  дебочаи Хилофати рошида созад, дар натиҷаи он парчами Уқоби Уммат баланд барафрохта шавад,  Уммат таҳти сояи ливои  лаа илаҳа иллаллоҳ Муҳаммадур Расулаллоҳ  сарҷамъ шуда, ба монанди пештара бо амри  Правардигори худ, бо дини мубин худ ба бузургӣ баргардад.

  وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ * بِنَصْرِ اللَّهِ يَنْصُرُ مَنْ يَشَاءُ وَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ 

« Ва он рӯз шод шаванд мусулмонон. Ба нусрати Худо. Нусрату ғалаба медиҳад Худо ҳар киро, ки хоҳад ва  (Ӯ)   ғолибу меҳрубон аст» [Рум 4-5]

Ман суханамро бо дуруд ба Шумо ва дуои хайр хотима мебахшам. Худованд рӯзаи якояи моро ва қиёмуллайли моро мақбул гардонад.Зеро, Аллоҳи Пок дӯстдори солеҳон аст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Бародаратон                                                                                                                          

Ато ибни Халили Абӣ Рошта                                                                                                   

Шаби чаҳоршанбе, яъне шаби байни 29-30  моҳи шаъбони  соли 1439ҳ

15 май соли 2018м

 

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт