ИМА аз  таъсири васоити ахбори рус ба Осиёи Марказӣ хавотир аст

ИМА аз  таъсири васоити ахбори рус ба Осиёи Марказӣ хавотир аст

 Барои рушди васоити ахбори оммавии»мустақил» дар Осиёи Марказӣ идораи ИМА 15 миллион доллар ҷудо кард. Ба пиндори ИМА расонаҳои иттилоотии Рус ба ҷомеаи ин манотиқ ба дараҷаи эҳсоскунанда таъсири худро мерасонад.

Дар моҳи  май агентии  Рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) бо мақсади кам кардани таъсири васоити ахбори оммавии рус дар қаламрави ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои дастгирии  ВАО он манотиқ тендер оғоз намуд. Вашингтон  камар баст дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба фаъолияти васоити хабаррасони рус таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд.

Дар хабар омада, ки мақсади департаменти Давлатии ИМА пуштибонии журналистони маҳаллӣ аст.  Ҳамзамон беҳтар намудани саводи шаҳрвандон ҳадафи асосӣ ба шумор меравад.  То ки одамон аз хабарҳои яктарафа   маълумот гирифта хулоса яктарафа набароранд.

Вашингтон иддао дорад  ки феълан дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  сифати матбуоти иҷтимоӣ хеле паст аст. Зеро барномаҳое ки Россия пахш мекунад танҳо шарҳи якҷонибаи ҳодисаҳои рӯйдода асту дар ташаккулёбии афкори ҷомеа дар минтақа нақши муҳим мебозад.

ИМА иқдоми худро ингуна эзоҳ медиҳад: -» Васоити ахбори оммавии маҳаллӣ ( мустақил)  наметавонад бо шабакаҳои иттилоотии Россия рақобат кунад, чун васоити ахбори Рус манбаи асосии хабаррасон мебошад ва аз ҷиҳати молӣ пурра таъмин аст.  Дар паёмади кор мардум аз маълумоти якҷониба бархурдор шуда,   ба ҳодисаҳои ҷаҳон баҳои нодуруст медиҳанд. Ин ҷиҳат садди роҳи  демократия мешавад. Аниқтараш, ин ҳолат  арзишҳои ҷаҳонии ба монанди  озодбаёнӣ, озодандеширо халалдор месозад  «.

Бино бар афкори аксари коршиносон бо ингуна иқдомаш Вашингтон мехоҳад раванди сиёсии  тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказиро дигаргун созад ва ҳамин тариқ бартарии стратегии худро аз болои Хитой ва Россия  тақвият бахшад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт