Бен Хоҷес: Россия  танҳо  эҳтиром ба нерӯ дорад

Бен Хоҷес: Россия  танҳо  эҳтиром ба нерӯ дорад

Бино бар иттилои қумондони  артиши хушкигарди  ИМА , генерал-лейтенант Бен Хоҷес ,» Россия фақат қувватро эҳтиром мекунаду халос”. Вай  зимни гузориш ба шабакаи TVN-и Лаҳистон  ин ҷиҳатро арз кард.

.“Ҳангоми имзои ин ё он созиш бо Москва, мебояд эҳтиёткорӣ риоя намоем. Россия дорои таърихи бузург аст, вале онҳо танҳо дар эҳтироми неру ҳастанду тамом. Агар иттиҳоди мо ҳамдилу қотеъ набошем, пас  Россия дар таҷовуз аз ҳад мегузарад»- гуфт Ҳоҷес.

Ба андешаи вай Россия ният дорад тамоюлоти ИА ва НАТО-ро батамом решакан созад. Ва мехоҳад исбот кунад ки НАТО ҳаргиз дифоъ аз муттаҳидонаш дар Аврупо нахоҳад кард.

Генерал ба тариқи изофа фармуд:-» Ин  ба маънои он аст, ки мо ба ҷанги гибридӣ, пахши ахбори бардурӯғ, хатари ядровӣ ва ҳамлаи иттилоотӣ дучор омада истодаем».

Ба қавли Хоҷес, Россия  муҳофизати  шаҳврвандони бурунмарзии худро  вазифаи асосии худ медонад, ана ҳамин ҷиҳат сабабгори ҳаракатҳои ғасбгаронаи вай дар мамлакатҳои Наздибалтика ва Лаҳистон шуда истодааст.

» Чӣ бояд кард? То ин ки аз иқдоми минбаъдаи Россия ҷилавгирӣ намоем? Алянс  ҷонибдори вокуниши мо аст.  Навовариҳои Лаҳистон бошад боиси тавсеаи имкони мо мебошад. Ҳатман бояд ба  Россия пешдастии худро нишон диҳем. Онгоҳ бароямон низ шароити ҷанги сард фароҳам меояд»- гуфт Ҳоҷес.

Туркистон:

ИМА ин дафъа  Россияро  барои  Аврупо  ҳамчун рақиби таҷовузкори таҳдидовар муаррифӣ мекунад.  Ҳамин зайл мақсад дорад қуввати таъсиррасонандаи НАТО-ро дар Аврупо тавсеа бахшад. Сохтори Путин низ аз ин ташаннуҷ истифода бурда, бо баромадҳои ваҳмнок ҷанги иттилоотӣ оғоз намуд. Режими Путин дар мурдоби бӯҳрони шадид ғӯтавар гашт, аз ҳамин сабаб Путин шаҳрвандонашро  гӯё аз таҷовузҳои Ғарб ҳушдор карданист. Ва ҳолатро ба ҷанги сард кӯчонидан мехоҳад. Ҳамин тариқ сохтор мувозинати худро дар ҳолати эътидол боқӣ мегузорад.   Гӯё гуфтанӣ  мешавад, ки ба ҷуз сохтори  феълӣ ягон неруе нест, ки амнияти Россияро муҳофизат карда тавонад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт