Таслият

Таслият

Ба гузориши сайти  Ахбор, Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ, яке аз машҳуртарин қориёни тоҷик, ки рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд, рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Бар пояи ин гузориш, Қорӣ Абдулхолиқ, ки 65 сол дошт, беш аз 5 ҳазор ҳофизи комили «Қуръон”-ро тарбия карда, устоди қориёни Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Наздикони Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ ба сойти Ахбор хабар додаанд, ки ин руҳонии маъруф рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Қорӣ Абдухолиқ рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд. Мошини “Мерседес”-е, ки ин руҳонӣ савори он буд, дар Тоҷикистон ба як сементи канори роҳ бархӯрд ва Қорӣ Абдулхолиқ дар натиҷаи он садама маҷрӯҳ шуд.

Қорӣ Муҳаммайюб, бародари Қорӣ Абдулхолиқ, ки дар Қазоқистон қарор дошт, рӯзи 9 май дар сӯҳбат бо сойти Ахбор гуфтааст: “Баробари шунидани хабари даргузашти Эшони Қорӣ ба роҳ баромадем, ки худро ба маросими намози ҷанозааш бирасонем. Мутаассифона, ба ҳавопаймо дер кардем ва бо мошин, ҳоло ба Тоҷикистон рафта истодаем.”

Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ дар деҳаи Оқотуни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Падари ӯ Эшони Абдурауф аз руҳониёни маъруфи замони худ буд.

Қорӣ Абдулхолиқ Қуръон ва ҳунари қироату тиловати ин китоби муқаддасро пеши Қорӣ Абдулмубини Андиҷонӣ омӯхтааст.

Мо кормандони сомонаи Туркистон, аз номи Ҳизби Таҳрири тамоми ҷаҳон , ба туфайли даргузашти ин олими илму адаб ба халқи   тоҷик ҳамдардӣ изҳор менамоем. Худованди Карим бародарамон Қорӣ Абдулхолиқро раҳмату мағфират намояд, аз ҷаннати барин ҷой ато кунад, аз даргоҳи Офаридгор ба пайвандонашон сабри ҷамил металабем.

إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ

“Мо аз они Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯ”   ( Сураи Бақара: 156)

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт