ИМА аз созиши Эрон  доир ба ядро хориҷ мешавад

ИМА аз созиши Эрон  доир ба ядро хориҷ мешавад

Раисиҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе тасмими худро дар бораи Барҷом (Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак) ё ҳамон “тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1” эълом кард ва гуфт: “Хуруҷ аз Барҷом, Омрикоро бисёр амнтар хоҳад кард.”

Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои амнияти Созмони Милал (Омрико, Фаронса, Ангилис, Русия ва Чин) ба иловаи Олмон, дар тобистони соли 2015 ба тавофуқе даст ёфтанд, ки қарор буд дар муқобили эҷоди маҳдудият дар бахшҳое аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ҳамаи таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷонибаи муртабит бо барномаи ҳастаии Эронро рафъ кунад.

Трамп гуфт: “Ин ба истилоҳ, тавофуқ, қарор буд аз Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони мо дар баробари ҷунуни бомби ҳастаии Эрон муҳофизат кунад — силоҳе, ки танҳо бақои режими Эронро ба хатар хоҳад андохт.”

Вай дар бораи Барҷом гуфт: “Ин тавофуқ дар воқеъ ба Эрон иҷоза дод ғанисозии урониюмро идома диҳад ва бо гузашти замон ба остонаи гурези ҳастаӣ бирасад.”

Трамп тасреҳ кард: “Дар замоне, ки Омрико аз бештарин аҳруми фишор бархӯрдор буд, ин тавофуқи фоҷеабор милёрдҳо дулор пул, ки бархе аз онҳо пули нақд буданд, дар ихтиёри ин ҳукумат — ва режими теруризми ваҳшатноки он — қарор дод, ки барои ман ба унвони як шаҳрванди Омрико шармовар буд.”

 Ӯ гуфт: “Дар он замон метавонистем ба осонӣ ба тавофуқе созанда даст пайдо кунем.”

Ӯ изофа кард: “Меҳвари тавофуқи ҳастаӣ ин афсона буд, ки режими саффок фақат ба дунболи барномаи сулҳомези энержии ҳастаӣ будааст.”

Трамп изофа кард: “Имрӯз мо шавоҳиди қатъӣ дорем, ки ин ваъдаҳои Эрон дурӯғ буданд.”

Раисиҷумҳури Амрико бо истинод ба асноди иддаоии нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: “Ҳафтаи гузашта Исроил асноди иттилоотие мунташир кард, ки собиқаи Эрон дар заминаи дунбол кардани силоҳҳои ҳастаиро нишон дод.”

Вай гуфт: “Ман қаблан гуфтаам, ки агар натавон Барҷомро ислоҳ кард, дар он намемонем.”

Трамп гуфт: “Дар лаҳазоти оянда, санадеро барои бозгардондани таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон имзо мекунам. Болотарин сатҳи таҳримҳои иқтисодиро эъмол хоҳем кард.”

Вай изофа кард: “Ҳар кишваре, ки ба Эрон барои дастёбӣ ба силоҳ кӯмак кунад, ба шиддат тавассути Иёлоти Муттаҳида таҳрим хоҳад шуд. Омрико бо ришваи ҳастаӣ гаравгон гирифта нахоҳад шуд.”

Трамп дар идома гуфт: “Иёлоти Муттаҳида дигар ваъдаҳои пуч намедиҳад. Вақте, ки ман ваъда медиҳам, ба он амал мекунам.”

Раисиҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, ки хуруҷ аз Барҷом, Омрикоро амнтар хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Ин иқдом, Амрикоро бисёр амнтар хоҳад кард.”

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт