Рӯҳонӣ : Эрон ба ҳаргуна созиши  Трамп марбути ядро  омода ҳаст

Рӯҳонӣ : Эрон ба ҳаргуна созиши  Трамп марбути ядро  омода ҳаст

 Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ маълум кард, ки мамлакаташ  ба ҳаргуна барномаи ядровии  раҳбари ИМА Доналд Трамп тайёр аст.

Рӯҳонӣ назди аҳолии шаҳраки Себзевар баромада карда афзуд:- “ Ҳафтаи оянда ба зиндагонии мо ягон табаддулоте намеоварад. Сарфи назар аз чигунаги аҳдномаи қабулкардаи Трамп, мо нақшаҳои худро дорем ва мо муқобилият нишон медиҳем”.

Вай таъкид кард, ки  агар ИМА аз  НҲҲГ  ( Нақшаи ҳаракатҳои ҳамкориҳои густурда) берун шавад, бас дар ояндаи наздик аз ин кораш таасуф хоҳад кард.

 Эрон ва шашгонаи миёнаравони байналмилалӣ ( Россия, ИМА, Бритониёи Кабир, Хитой, Фаронса, Олмон) 14 июли соли 2015 ба як созиши таърихӣ доир ба танзими барномаи атоми Эрон  муваффақ шуданд: нақшаи ҳаракатҳои ҳамкориҳои густурда тартиб дода шуд, иҷрои он бошад Эронро аз таҳорими молӣ ва иқтисодӣ, ки аз ҷониби  ҚБ СММ, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ворид шудааст,  халос мекунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп тибқи ҳисоботи шӯрои машварати Бритониёи Кабир, Олмония ва Фаронса,  ҳанӯз қабл аз 12 май боқӣ мондан ва ё намондани Амрикоро дар таркиби НҲҲГ эълон хоҳад кард.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт