Дар Душанбе усулҳои нави мубориза алайҳи ифротгароӣ тарҳрезӣ мешавад

Дар Душанбе усулҳои нави мубориза алайҳи ифротгароӣ тарҳрезӣ мешавад

 Рӯзи 4 май дар Кохи Сомон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” оғоз ба кор кард. Дар ин ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ва Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Маҷористон, Давлати Ливия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Умон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок мекунанд.

Ҷаласа то ба рӯзи ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт