Ба раисиҷумҳури Қирғизистон Соронбой Ҷээнбеков, аҳли хонаводаи маҳбусони исломӣ арзнома фиристоданд

Ба раисиҷумҳури Қирғизистон Соронбой Ҷээнбеков, аҳли хонаводаи маҳбусони исломӣ арзнома фиристоданд

Пайвандону ақрабо, волидайни маҳбусони исломӣ, ки бо ҷурмҳои беасос ба муддати тӯлонӣ побанди зиндон шудаанд, ба президенти ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков арзнома ирсол карданд. Онҳо тавассути торнамоҳои иҷтимоӣ, бо наворҳои видеоӣ хитоб намуда,  аз натиҷаи ҳукми ноадли додситони мамлакат алайҳи ақрабояшон изҳори нигаронӣ  намуданд. Модарон бо чашмони ашкбор ҳолати сохтори деринаро ифшо карда, гуфтанд ки аз касофати режими саропо коррупсионӣ аз наздиконашон дур шуданд, ба аҳволи вазнин дармонданд. Онҳо ба президенти кунунӣ чунин нидо карданд:-“ агар  ҳукми ғайриодилона  нисбати сиёсатмадорон  аз сари нав дида баромада шавад, пас мо хоҳиш менамудем, ҳукми фарзандони мо низ мавриди тафтиши дубора қарор дода шавад”!

“ Агар аҳли оилаи ашхоси маҳбус бенигоҳубин монанд, пас ҳукумат ҷавобгар аст.  Пас, чаро ба онҳо нафақаи махсус ҷорӣ карда намешавад”, “ Оё раҳбари кишвари мо ба Модарони имонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекарда бошад?”, “ Ҷаноб президент, агар аъзои оилаи шахсоне ки ҳабс шудаанд аз ягона инсони наздики худ дур монанд, пас чӣ бояд кард? Ҳароина айнан ҳамон инсони маҳбус  ягона инсоне бошад ки дар ғами ризқу рӯзи ақрабояш гардаду ба туфайли ҳукми ноадолатона зиндонбанд шуда бошад, чӣ бояд кард?… ва бо ҳамин мазмун , бо чандин шиорҳо дар торнамоҳои иҷтимоӣ тазоҳурот сар карданд.

Феълан дар Қирғизистон амалиёти ивазшавии ҳукумат рӯй дода истодааст. Ин ҷараён бори нахуст бо роҳи осоишта роҳандозӣ мешавад.

 Фарқи байни табадуллоти давлатӣ ( бо роҳи осоишта) ва табаддулоти инқилобӣ дар он аст, ки дар сарнагуншавии ҳукумат вакилони ҳукумати пештара аз кишвар мегурезанд ва ё фавран боздошт ва ҳабс мегарданд.Ивазшавӣ тавассути  роҳи осоишта бошад, вакилони ҳокимияти тозаинтихоб ҳаргуна ҳаракатҳоии  ғайриқонунии ҳукумати пештараро ифшо месозад, бо мақсади ислоҳ кардани хатоҳои онон ба ҷавобгарии ҷиноӣ фаро мехонанд. Ин ҷараён бояд пурра иҷро шавад. Вагарна, ҳокимияти навинтихоб  ба монанди  ҳокимияти пештара  ба бӯҳрони шадиди гирифтор мешавад. Яъне ҳукумати нав обрӯи ҳокимияти пештараро барои худ ҳамчун мерос   қабул мекунад! Дар натиҷа,  бо вуҷуди танзим, бо вуҷуди тағйироти кадрӣ дар мансабҳои сиёсӣ, ҳамоно схемаи коррупсионӣ бетағйир мемонад.

Аз ин лиҳоз, набояд муносибати дуҷонибаи сохтори деринаро нисбати мусулмонҳо такрор намуд. Дар режими пештара, дастгоҳи иҷроия ва кормандони суд ба афроди исломӣ ба таври ошкоро таҳвин , тӯҳмат намуданд, онгоҳ  дастгоҳи ҳукуматӣ ба арзҳои мусулмонҳо беътиноӣ зоҳир намуд, ҳатто  дифоъ аз золимон кард!

Аз ҳамин боис  одамон, беш аз ҳама мусулмонҳо  аз ҳокимият ноумед шуданд ва ҳатто нафрат ва адовати онон рӯзафзун гардид.

Дар паёмади кор режими Атамбоев аз қуввати бузург, яъне аз дастгирии халқ ва уммат маҳрум монд! Агар вай аз ҳамин неруи мардумӣ бебаҳра намемонд, нухбаи сиёсӣ ҳаргиз барои исён кардан муқобили ӯ ҷуръат карда наметавонист. Чунки ҳаргуна раҳбари диктатор ба як гурӯҳ такя мекунад.  Нухба бошад маҷбур аст  ба таври музовӣ бо раъй ва хоҳиши мардумӣ фаъолият барад.

Хулоса аз ин гуфтаҳо , мо ба сиёсатмадорони тозаинтихоб ва президенти феълӣ, ки қуввати ягонаи  муттаҳидкунандаи онҳо аст, муроҷиат менамоем. Шумо аз роҳи ҳукуматдорони пештара наравед!

 Дар мубориза алайҳи неруҳои мухолиф механизми қонунии ( бофтаи) худро вайрон  накунед.

Яъне зидди  мусулмон аз рӯи ҳушунат , адовати шахсӣ ва ғараз муомила накунед, мубориза набаред! Ҳаргуна мусулмон- хоҳу нохоҳ, шаҳрванди мамлакат аст. Андоз месупорад, маҷбурияти бар дӯш доштаашро  бо  зӯри қонун иҷборан анҷом медиҳад. Пас,  бигзор ҳаққу ҳуқуқи қонунии мусулмонҳо низ  комилан   ба роҳ монда шавад!

Абдураззоқ.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт