Шоҳи Саудӣ барои сохтмони калисо дар  сарзамини Исломӣ иҷозат дод

Шоҳи Саудӣ барои сохтмони калисо дар  сарзамини Исломӣ иҷозат дод

  Подшоҳи Саудия Салмон ибни Абдулазиз , дар пойтахти мамлакат Риёз, дар қасри » Ямома» раиси шӯрои папа доир ба мулоқоти байни динҳо, кардинал Жан Луис Тауранро қабул кард. Байни Шоҳ Салмон ва кардинал Тауран созиши марбути    сохтмони калисои масеҳиён дар қаламрави Арабистони Саудӣ  ба имзо расид. Дар ин хусус чандин веб-саҳифаҳо, аз ҷумла веб сомонаи » Мисри соҳибистиқлол»  ҳисобот интишор кард. Чунончӣ , тибқи   иттилои бахши англисии » Мисрийюл явм» дар Саудия табадуллоти густурда ба вуқӯъ пайваста, тавъам  бори нахуст дар таърихи шоҳигарӣ, ҳукумати Риёз ба созиши марбути сохтмони калисои христианҳо имзо намуд. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин иқдом,  авлавияти нақши динҳо дар ҷомеа дар мубориза алайҳи «экстремизм» ва «терроризм» мебошад.

 Ҳамзамон байни нахусткотиби робитаи олами Ислом Шайх Муҳаммад ибни Абдулкарим Исо ва раиси шӯрои папа оид ба мулоқоти байнидинҳои Ватикан ва кардинали калисои католикӣ Жан-Луис Тауран, бо мақсади муваффақ шудан ба мақсадҳои муштарак шартномаҳо қабул карда шуд.

Мувофиқи рӯзномаи «»Лобсерваторе Романо»-и Итолиё , ки аз ҷониби Ватикан интишор мешавад, Шайх Абдулкарим Исо  дар аснои мулоқот  марбути  мулоқотҳои байни динҳо ибрози андеша намудааст. Ба қавли Абдулкарим Исо новобаста ба эътиқоди  шаҳрвандон, ҳатто агар бедин ҳастанд, мебояд аҳли башар баробарҳуқуқ бошанд ва ҳар кадоме дар сохтмони ибодатхонаҳо соҳибихтиёр мебошанд.

Тауран, баъди бозгашт аз сафари Саудия бо хабарнигори » Ватикан» сӯҳбат ороста , аз рафоқати  рӯйдода» масрур будани худро» маълум кард. Бино бар гуфтаи вай , ҳукумати Саудия барои  додани обуранги  тоза ба ояндаи мамлакат омода аст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт