Серж Саргсян истеъфо дод

Серж Саргсян истеъфо дод

Нахуствазири Арманистон  Серж Саргсян  ба истеъфо баромад. Ин хабарро сомонаи ҳукуматӣ    маълум кардааст.

Дар хабар омадааст:-.“Никол Пашинян ҳақ буд. Ман ноҳақ будаам. Ин мақоми ман нест. Ман аз сари қудрат меравам». Феълан Карен Карапетян лавозими нахуствазирро ишғол кардааст.

Тавре ки маълум аст дар Ереван қариб ду ҳафта инҷониб  тазоҳуроти ҷараён дорад. Серж Саргсян дар давоми 10 соли охир вазифаи президенти кишварро ба ӯҳда дошт. Дар давоми ин солҳо Арманиятон ҷумҳурии президентӣ маҳсуб буд, вале тавассути референдум ба сарқонун тағйироти ворид гардида, инак,ба ҷумҳурии парлумонӣ мубаддал ёфт, вале Саргсян вазифаи худро идома бахшид.

Мувофиқи хабарҳо шаби 22 апрели соли ҷорӣ қариб садҳазор нафар ба кӯчаҳо баромада эътироз карданд, ин калонтарин гирдиҳамоӣ дар таърихи ИДМ мебошад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт