Ҳукумати Хитой  мусулмонҳоро иҷборан гӯшти хук мехӯронад

Ҳукумати Хитой  мусулмонҳоро иҷборан гӯшти хук мехӯронад

Минбаъд аъзои партияи Коммунистии Хитой дар ҳар моҳ   2 ва ё 3 рӯз дар хонаводаи мусулмонҳои уйғур ҳамчун вакили оила истиқомат мекунанд. Мақсад мутмаъин шудан ба садоқати мусулмонҳои уйғурзабони Туркистони Шарқӣ ба ҳукумати кунунӣ ва назорат кардани фаъолияти онон аст. Дар ин хусус ташкилоти ҳифзи ҳуқуқи башарӣ “ Ҳеритаге” воқеъ дар ИМА маълум кард. Сохтори коммунистии Хитой бо мақсади ҷалб сохтани якояки муслимин ба  ақоиди атеистӣ, иҷборан гӯши хук мехӯронад.

Зимни ҷаласаи марбути фасодкорӣ дидбони башарӣ дар Хитой ,  таъсисгар ва раҳбари ин ташкилот Боб Фу қайд намуд, ки  мусулмонҳои Туркистони  Шарқӣ аз дасти режими мавҷуда шиканҷаи зиёд дида истодаанд.

Фу гуфт: -“ Вакилони партияи коммунистӣ барои ҳосил кардани боварӣ ба садоқати муслимин нисбати ҳукумати расмӣ, дар ҳар моҳ 2-3 рӯз рафта бо онҳо ҳамзист мешаванд. Мусулмонҳои “ифротӣ” ва гумонбар ба “ мухолифати сиёсӣ” барои  тағйироти афкор ба “марказҳои тафаккур” фиристода мешавад”.

Ба қавли Боб Фун  ба мусулмонҳое ки ба он лагер ҷойгир шуданд, маҷбуран гӯшти хук мехӯронанд, ҳатто ба гӯшҳои маҳбусони лагер асбоби махсус насб карда шуда,  тӯли 24 соат тарғиботи коммунистӣ мешунавонанд. Феълан бештари мусулмонҳо аз ҷиҳати  ақлӣ мариз гаштаанд.

Раҳбари   шӯъбаи алоқаҳо бо Осиёи Шарқӣ ва уқёнуси Ороми департементи  Давлатии ИМА Лаура Стоне аз зулму шиканҷаи муддавоми Хитойро алайҳи туркҳои уйғуртабори Пекин, изҳори нигаронӣ намуд . Ба қавли Стоне, дар минтақаи худмухтори Шинҷон даҳҳо ҳазор мусулмонҳо боздошт ва ҳабс шудаанд. Ин нишондод то ба миллион нафар расиданаш мумкин аст.

Вай гуфт, ки амалиёти боздошкунӣ, ки таҳти назорати “Таълими сиёсӣ” роҳандозӣ шудааст бархилофи ҳуқуқи башарӣ мебошад. Чунончӣ вай таъкид кард, ки бо ҳукумати Хитой мулоқот барпо хоҳад кард то ин ки  ҳифзи ҳуқуқи башарӣ ба тартиб оварда шавад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт