Вашингтон шартҳои мулоқотро бо Сурия эълон кард

Вашингтон шартҳои мулоқотро бо Сурия эълон кард

Котиби матбуотии департаменти Давлатии ИМА Хизер Нойерт  гуфт, ки агар ҳукумати Сурия  аслиҳаи кимёвии худро ифшо насозад, пас Вашингтон бо Димишқ музокироти тоза оғоз мекунад. Вакили департаменти Давлатии ИМА  ба  телканали “Fох Nеwс” гузориш дода афзуд:-“  Агар шартҳоямон  иҷро шавад, онгоҳ ИМА иҷборан ба музокирот бармегардад”.

Вазири Мудофиаи ИМА Ҷеймс Маттис низ дирӯз баъди ҳамлаи ИМА, Бритониё ва Фаронса ба Сурия изҳорот дода тамоми оламро барои пуштибонии ҷараёни Женева фаро хонд.

“ Ин ҳамла алайҳи сохтори Сурия нигаронида шудааст. Фавран зарур аст  ҷараёни Женеваро, ки пуштибони он СММ мебошад,  ҳамакаса дастгирӣ намуда, ба масъалаи Сурия хотима бахшем”- гуфт Маттис.

Дар айни замон намояндаи доимии  ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ маълум кард, ки то  мақсади ИМА дар Сурия амалӣ нагардад, вай аз он сарзамин артиши худро берун намебарад. Ба қавли  Ҳейлӣ алоқаҳои байни ИМА ва Русия таасуфовар аст, вале ҳоло ҳанӯз Иёлоти Муттаҳида аз барқарории   рафоқат  умедвор аст.

Аммо  Ҳейлӣ таъкид кард, ки агар Асад сари вақт ақлу ҳуш ғун намуда , аз паёмади аъмолаш андеша намекардааст, чашмдошт аст ИМА ба Сурия ҳамлаи навбатӣ расонад.

Дар ҷаласаи Шӯрои Бехатарии СММ Ҳейлӣ чунин гуфт:-“ Агар сохтори Сурия то ба дараҷае аҳмақ бошад, ки қатъияти моро  месанҷад, пас мо омода ҳастем фишорро шиддат диҳем”, “ Ман субҳгоҳон бо президенти ИМА дар тамос шудам. Вай гуфт, ки агар режими  Сурия бори навбатӣ  аслиҳаи кимёвӣ истифода барад, ИМА ба ҳамлаи навбатӣ тайёр аст”.

Туркистон:                                                       

Пай бурдан  осон аст, ки вақтҳои охир Русия  ба ҷараёни Сурия рӯзафзун ғӯтавар шуда истодааст ва ин ҳол боиси  дарғазаб шудани азоби ИМА гардид. Вай чандин маротиба конфоронси “ Астана”, сонӣ ҷаласаи “ Сочи”-ро роҳандозӣ кард.     

Худсарона  муаммои байни неруҳои мухолифат ва сохтори Асадро бархилофи созишҳои “Женева” ҳаллу фасл карданӣ шуд. Русия бо мақсадаи амалӣ гардонидани талаботи конфронсҳо, алайҳи гуруҳҳое, ки иштирок кардан ба ҷаласаро нахостанд, бо додани фишори низомӣ ва сиёсӣ хост “дарси адаб омӯзад”.

Ин ҳаракатҳояш  ташаккулёбии стратегияи ИМАро дар минтақа халалдор намуд ва байни онҳо зиддияти ҷиддӣ ба миён омад.  Яъне, неруи Рус ҳатто тӯдаҳои ҷанговари мутеъи ИМА ро ҳадафи тиру туфанги хеш қарор  дод. Онҳоро авиатсияи Русия гулӯлаборон кард.  ИМА зидди ин ҳаракатҳои Русия чора андешид ва таҳлилҳои мардуми рус , ки “ гӯё ИМА бо ин сиёсати пешгирифта  дифоъ аз террористҳо” мекарда бошад, садо дод. Билохир Амрико сохтори Асадро бо мушакҳояш ба нишон гирифт.

Ҳадафи ИМА  гум кардани таъсири ҳарбӣ ва сиёсии Русия дар минтақа мебошад. Мехоҳад  заъфи вайро дар пеши назари оламиён исбот кунад. Ва ният дорад тамоми масъалаҳои ҳалталаби марбути Сурияро ба конфронси “ Женева”баргардонад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт