Русия мамлакатҳои аъзо ба СҲШ-ро бо 8000 силоҳбадаст тарсонд

Русия мамлакатҳои аъзо ба СҲШ-ро бо 8000 силоҳбадаст тарсонд

 8000 силоҳбадастон аз Сурия ҷониби Афғонистон убур кардаанд, ба бехатарии давлатҳои аъзо ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳдиди азим тавлид менамояд. Ин нуктаро ноиби якуми ситоди хадамоти амнияти Федералии Русия генерал Сергей Смирнов зимни 32 вохӯрии  Созмони Ҳамкориҳои Шанхай маълум кард.

Смирнов афзуд:-“ Террористҳо баъди мағлаб шуданашон дар Сурия, ҷангҷӯёни мусаллаҳи Эрон ва Туркия тавассути сарҳад ба ҳудуди шимолии Афғонистон гузаштаанд. Ин  маълумот аз ҷониби шӯъбаи иктишофӣ ва бехатарии давлатҳои аъзо ба СҲШ    тасдиқ гардид”.

Ба қавли Смиронов байни ҷанговароне  ба Афғонистон кӯч бастаанд, шаҳрвандони собиқ  Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла сокинини Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон арзи  ҳастӣ доранд.

Мувофиқи хабарҳо иштирокчиён дар давоми вохӯрӣ барои ҳамкориҳои муштарак баҳри кам кардани таҳдиди “ифротгароӣ” дар дараҷаи ҳадди асғар, созиш карданд. Тибқи созиш   байни шӯъбаҳои  ваколатдори бехатарии давлатҳои аъзо ба СҲШ , дар хусуси шахсияти “ифротиҳо” мубодилаи маълумот мекунанд ва барои пешгирии  убури онон ба марзи Афғонистон чораҳои зарурӣ меандешанд. Чунончӣ муайян кардани алоқаҳои барпокардаи “ифротиҳо” дар торнамоҳои интернетӣ,  низ аз ҷумлаи он созиш аст.

Ба андешаи Смирнов тӯли чаҳор соли охир бо фаъолияти  хадамоти иктишофии давлатҳои аъзо ба СҲШ, барои ҷилавгирии бештар аз 600 амалиёти террористӣ муваффақ гардид. Боз 500 зерсохтори омодагӣ ба амалиёти террористӣ пешгирӣ карда шуд.

Дар ҷаласаи 32 СҲШ вакилони ҳашт мамлакат- Русия. Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд.

Туркистон:

Мутаасифона,  авзоъи дар Афғонистон сарзада саросари Осиёи Миёна , тавре ки мо дар гузашта таҳлил намудем, таъсири худро расонида истодааст. Русия дар масъалаи Афонистон ва Осиёи Миёна ба таври музовӣ бо стратегияи тартибдодаи ИМА ҳаракат дорад. Яъне вай натавонист ҳақиқати низомиёни қалбакиро , ки ИМА дар Афғонистон пайдо кардааст, ошкор созад.

Баръакс, Русия тавре ки дар Сурия буд,  худро  ҳамчун муттаҳиди Амрико дар сари манфиатҳои разилонааш вонамуд мекунад. Ба ҳар ҳол  ҳамингуна  мавзеъгириро интихоб намуд. Ҳароина мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои Русия майдони стратегӣ ба  шумор мерафт. Инак, вай дифоъ аз манфиати хеш накард ва барои ҳамкорӣ бо рақиб розӣ шуд. Аз ин мебарояд вай дар сиёсати байналмилалӣ   бениҳоят заифу барҷомонда аст.

Барои Русия зарур буд ба минтақаҳои зердаст таъсири худро расонад ё ки  таъсири рақибонашро маҳв созад.  Вале кор рангу бори дигар гирифт. Аз ин мебарояд вай аз вазъияти мавҷуда баҳри худ фоида меҷӯяд. Ин мавзеъгирӣ ҳаргиз истори давлати якуми абарқудрат нест!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт