Путин: ИМА сабабгори муташанниҷ гардидани авзоъ аст.

Путин: ИМА сабабгори муташанниҷ гардидани авзоъ аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳаракатҳояш вазъи ҳалокатовари Сурияро муташанниҷтар месозад. Дар ин хусус дар изҳороти сомонаи Кремл раҳбари Русия Владимир Путин маълум кардааст. Ба андешаи Путин , ИМА  меъёр ва тамоюли ҳуқуқи башариро вайрон карда , бидуни рухсати  шӯрои Бехатарии СММ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод. Вай гуфт:-“ Алайҳи давлати соҳибистиқлол, ки дар муборизаи зидди терроризм сафи аввалро ишғол мекард,  рӯйкарди зӯроварона содир  карда шуд”.

“ ИМА бо ҳаракатҳояш ҳалокати  башарро дар Сурия авҷ дод, аҳолии осоишта азият мекашад, кӯмакрасони ифротгарҳо шуд, ки таи ҳафт соли дароз аҳолии Сурияро азият медиҳанд. Айнан  бо иқдоми ИМА сели паноҳандагон  дар минтақа даҳчандон афзуд”.

Ба андешаи раҳбари Русия агар авзоъи гирди Сурия аз қолаб берун ҷаст, пас алоқаҳои байналмилалӣ халалдор хоҳад шуд.

“Таърих ҳама чизро  ба тартиб меоварад, вай алакай  барои таҷовузи хунини  Югославия, Ироқ ва Ливияро  масъулияти вазнинро бар  дӯши Вашингтон бор кардааст”.

ИМА дар  ҳамкорӣ бо Бритониёи Кабир ва Фаронса субҳи рӯзи шанбе ба Сурия зарбаи шадиди ҳавоӣ расонд.  Мувофиқи гуфтаҳои президенти ИМА , ин ҳамлаҳо ба ҳуҷумҳои кимёвӣ , ки дар шаҳри Думаи Сурия ҷорӣ карда шуд, ҳамлаи ҷавобӣ аст.

Туркистон:

Якчанд давлатҳои куффор алайҳи якдигар дар кишварҳои Исломӣ набард доранд. ИМА мавқеъи ҳақиқии Русияро дар сиёсати байналмилалӣ нишон дода, барои бори дигар хотиррасон кардани ҷои худ, бар зидди вай ҷанг эълон кард. Лекин дар ин ҷанг ҳам боз кишварҳои исломӣ валангор шуда, аҳолии осоишта қурбон мешавад!

Путин бо мақсади муҳофизати сохтори Асад, бо баҳонаи террористҳо ба Сурия ҳамла овард, садҳо ҳазор мусулмонҳои бегуноҳро қатл намуд. Ҳол он ки ҳамон ҷанговарони мухолифро худи ИМА барқасдона ташаккул   додааст. Инак, имрӯзҳо худи вай ба нишони ҳамлаи ИМА мубаддал гардид. Акнун боз аз номи сохтори Асад мехоҳад бо ИМА бинҷангад. Дар ин  ҳолат Русия  ба  ҷанги байни вай бо ИМА , аз мусулмонҳо ҳамчун девори зинда истифода бурдан мехоҳад!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт