ИМА, Бритониё ва Фаронса ба Сурия ҳамла оварданд

ИМА, Бритониё ва Фаронса ба Сурия ҳамла оварданд

Амрико ва муттаҳидонаш – Бритониё ва Фаронса дар посух ба ҳамлаи газии артиши Сурия дар шаҳ ри Дума субҳи 14 апрел болои Сурия беш аз 100 мушак партоб карданд. Президенти Амрико Башор Асадро «монстр” ва «диктатори қаттол” номида, гуфт, ӯ бояд барои ҳамлаи рӯзи 7 апрел дар Дума «нархи баланд” пардохт кунад. Низомиҳои Русия иддао доранд, ки аксари мушакҳои Амрикову муттаҳидонаш баргардонда шуд. Аммо манобеи дигар мегӯянд, чанд маркази тавлиди силоҳи кимиёвии Сурия дар натиҷаи ин ҳамлаҳо хароб шудааст.

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои низомии Амрико, Бритониё ва Фаронса субҳи 14 апрел болои иншооти стратегиву низомии Сурия 103 мушак андохтаанд. Ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳамлаи рӯзи 7 апрели артиши Сурия дар шаҳри Дума бо истифода аз силоҳҳои кимиёвист, ки дастикам 43 сокини осоиштаи ин шаҳрро кушта ба ҷо гузошт.

Қабл аз шурӯи ҳамлаҳои мушакӣ роҳбарони Амрико, Бритониё ва Фаронса ҳар кадом бо паёмҳои алоҳида ба мардуми худ муроҷиат карданд.

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар паёмаш президенти Сурия Башор Асадро «девбашара” (монстр), «ҷинояткор” ва «диктатори қаттол” ном бурд ва гуфт, Асад бояд барои ҳамла ба Дума «нархи баланд”-еро пардохт кунад.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, «хатти сурх убур шуд. Мо наметавонем ба як амри маъмулӣ табдил додани истифодаи силоҳҳои кимиёвиро таҳаммул кунем.

Тереза Мей, сарвазири Бритониё иддаои Русия дар бораи гӯё дурӯғу бофта будани ҳамлаи газии рӯзи 7 апрел дар Думаро «сафсата ва хиёлбофӣ” номид ва гуфт, ҳамлаи мушакии субҳи 14 апрел «паёми рӯшане ба ҳар нафарест, ки фикр мекунад, ки метавонад бидуни муҷозот даст ба истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ бизанад.

Тереза Мей гуфт, бино ба маълумоти иктишофӣ, ҳамлаи 7 апрел бо истифода аз гази хлорин дар шаҳри Дума аз ҷониби артиши Сурия ҳамоҳанг шудааст ва ҳамлаи ҷавобии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико «ин як ҳамлаи маҳдудест, ки сирф маконҳои тавлиди силоҳҳои кимиёвӣ дар Сурияро ба ҳадаф дошта, мақсадаш тағйири режим нест. Ин дахолат ба ҷанги шаҳрвандӣ нест”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт