НАФАҚАИ МИЁНА … ҲАМАГӢ 270 СОМОНӢ. МАГАР БО ИН ПУЛ МЕТАВОН ЗИСТ?

НАФАҚАИ МИЁНА … ҲАМАГӢ 270 СОМОНӢ. МАГАР БО ИН ПУЛ МЕТАВОН ЗИСТ?

Нафақаи мардуми солхӯрда ва маъюб дар Тоҷикистон ҳамагӣ 270 сомонию 60 дирам ё ҳудудан 30 долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар як соли охир ҳатто 3 сомонӣ камтар шудааст. Нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама камтарин мебошад.

Назокат Одиназода, муовини роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин идора гуфт, нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар як соли охир 3 сомонӣ камтар шуда, 270 сомонию 60 дирам сомониро ташкил додааст. Ин баробари чизе бештар аз 30 доллар аст.

Назокат Одиназода гуфт, нафақаи миёнаи аз ҳама баландтарин дар шаҳри Душанбе ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, мутаносибан дар пойтахт 370 сомонию 15 дирам ва дар Бадахшон 335 сомонию 40 дирамро ташкил медиҳад. Нафақаи миёна дар вилоятҳои Хатлону Суғд 259 сомонӣ ва дар навоҳии тобеи маркази 255 сомонию 70 дирам будааст.

Муовини раиси Агентии суғурта ва нафақа гуфт, дар соли гузашта ба нафақахӯрон дар Тоҷикистон 2 миллиарду 439 миллион доллар пардохт шудааст.

Ҷамъи умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 665 ҳазору 78 нафар гуфта мешавад. Дар соли 2017 Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ парвандаҳои маъюбии 75 ҳазор нафарро аз нав санҷида, бар асоси ин ташхис 12 ҳазору 687 нафарро аз нафақаи маъюбӣ маҳрум кардаанд. Ҳоло шумораи онҳое, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, ҳамагӣ 56 ҳазору 450 нафар будааст.

Назокат Одиназода дар айни замон гуфт, ки Агентӣ дигар маълумот дар бораи нафақаи онҳоеро, ки нафақаи хеле баланд мегиранд, нашр намекунад. Қаблан дар матбуот гузориш шуда буд, ки бархе мансабдорони дар гузашта баландпоя барои худ нафақаҳои хеле баланд муқаррар кардаанд. Аз ҷумла Наталя Назаршоева, раиси пешини Шӯрои мудирони «Тоҷиксодиротбонк” 17 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтааст.

Вале Назокат Одиназода гуфт, маълумот дар бораи ҳаҷми нафақа маълумоти хусусист ва онро фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд дархост кунанд:

«Доим ба мо савол медиҳед, ки нафақаи кӣаз ҳама баланд аст? Дигар ба Шумо ин хел маълумотро намедиҳем, агарчӣ ба таврихаттӣ ҳам муроҷиат кунед. Ба ҷуз аз мақомоти қудратӣ касе дигар ҳақ надорад, бо аснодинафақаи шаҳрванд шинос шавад. Ҳама гуна нафақаҳо агарчӣ баланд ҳам бошад, дарасоси фаъолияти одамон ва дар асоси қонун таъйин карда мешавад. Дар Тоҷикистонягона мақомоте, ки нафақаро таъйин мекунад ин Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақааст”.

Ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама пасттарин буда, аз нафақаи аз ҳама баландтарин дар ин қаламрав – 434 доллар дар Эстония – қариб 15 маротиба фарқ мекунад.

Зимнан маоши миёна дар Тоҷикистон низ аз ҳама пасттарин дар байни кишварҳои собиқ СССР боқӣ мемонад. Моҳи ноябри соли 2017 маоши миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 1174 сомонӣ, яъне тақрибан 120 долларро ташкил дод. Маоши аз ҳама баланд дар ин паҳно – 13 13 доллар боз ҳам дар Эстония аст, ки аз маоши тоҷикистониҳо 11 маротиба бештар мебошад.

Бо 270 сомонӣ нафақа зиндагии худро таъмини кардани як марди бознишаста дар Тоҷикистон як амри маҳол аст. Бар асоси анъанаи роиҷ дар байни мардуми тоҷик, маъмулан масъулияти саробононии волидон дар даврони пириашон бар ӯҳдаи фарзандони онҳост.

Мардуми тоҷик аксаран ин анъанаро риоя мекунанд ва намегузоранд, ки падару модарашон дар сари пирӣ хору хор ё мӯҳтоҷи нафақаи давлат шаванд.

Аммо бино ба ҳисобҳо, дар 14 хона-интернати куҳансолон ва маъюбон дар Тоҷикистон беш аз 1000 нафар пирамарду пиразан ва маъюбони бесоҳиб ба сар мебаранд. Беш аз нисфи онҳо аҳолии маҳаллӣ, яъне тоҷикҳову узбекҳо будаанд. Ба ин далел, ахиран дар қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ҳамчун ҷазо барои сарпечии фарзандон аз нигоҳубини падару модар то 3 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин мақоларо сомонаи “Ахбор” пахш кардааст.

Ҳангоми мутолиаи ин сатрҳо дилам фишор хӯрд, аз чашмонам  ашк ҷорӣ шуд.  Айби кӣ бошад?

Аллоҳи  Бузург мефармояд:

  • Ҳар балову мусибате, ки мерасад ба шумо, он сабаби гуноҳест, ки анҷом додаед.. [42:30]

Аз ин мебарояд,  худи мо сабабгори зиллати ба сарамон омада  қора кунларнинг бошимиздан аримаслигига ўзимиз сабабчимиз.

Муаммои мавҷуда  як намуде аз дарди Уммати мебошад. Умамате ки аз Қуръону Суннат дур афтода, ба тариқат бепарво, аз ҷиҳати фикрӣ бозистода, асли насли хешро фаромӯш сохта, аз Муаллими гиромӣ  Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дарси ибрат наомӯхта. Пас, ба чунин авҳоли таасуфовар гирифтор шудани Уммати кунунӣ табиист.

Шариати исломӣ дар хусуси    волидайн чӣ мегӯяд?

Расулаллоҳ (с.а.в.)  фармудаанд:

أَبُو مُوسَى الْأَشْعَرِيِّ رضي الله عنه : قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : ( إِنَّ مِنْ إِجْلَالِ اللَّهِ : إِكْرَامَ ذِي الشَّيْبَةِ الْمُسْلِمِ

“ Аз эҳтироми Худост, ки пирамарди мусулмонро эҳтиром намоед”. ( Ривояти АбуДовуд аз  Абу Мусо Ашъарӣ)

Поймоли  ҳаққи бузургонамон аз зумраи хиёнат ба Офаридгорамон будааст.  Гарчи такрор кардан нашояд, аздусар мо хотиррасон менамоем. Модоме мо  аз асли насли хеш дурӣ  меҷӯем, худшиносиро тарк мекардаем, душманони дин амсоли ваҳшиёни гурусна ба мо  ҳамла меоваранд. Кош ба ҳамин иктифо мекарданд. Зулму шиканча рӯзафзун шуда  қавонини худро иҷборан ҷорӣ менамоянд ва  зиндагониамонро  заҳролуд месозанд.

Низоми куфр саропо ботил аст, ношоям аст , аз ин рӯ ба сари башарият танҳо бадбахтӣ меоварад.

Тоҷикистон низ  шабеҳи давлатҳои дигари олами  саввум, таҳти тасарруфи мамлакатҳои абарқудрат қарор дорад. Мардум кайҳо рӯз дар арафаи қашшоқӣ аст, бо айби раҳбарони хиёнатпеша торафт тарзи зиндагонӣ бадтар шуда истодааст.  Ношоямии низоми куфр дар он аст, ки нафақаи бузургонро кам карда, боз ба фарзадоне ки аз парвариши волидайн саркашӣ мекунанд, муҷозот медиҳад.

Худованди Бузург инсонро аз байни дигар маҳлуқот азиз офарида, иззат бахшид,  як бандаи соҳиби ақл ҳалқ намуд. Имрӯзҳо мо  бархилофи ҳилқатамон ,   таҷовуз  ба иззат, шаъну шараф, нафс, ору номус, ҳаққи бандагон , хоссатан мусулмонҳо  шиддат ёфт. Феълан Уммат ба асбоби талоши манфаиат дар дасти  системаи куффор мубаддал ёфт. Яке гирифта дигаре мегузорад, фақат дар фикри фоидаи хеш мегардад.  Уммат  дар ихтиёри раҳбарони хиёнатпеша аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ азоб мекашанд.

Оё дар олам ( низ) адолат бошад?!   Ҳароина мо ҷасади зинда  ҳастем, дар ин олам одам нафс дорад, мехоҳад зиндагонии осоишта бубинад, ҳаёти комили пурмеҳру мурувват гузаронад. Ҳол он ки инсонро Аллоҳ азизтарин офарид! Куҷост он иззат?!  Шахсан ман надидам. Гарчанд ба зиндагӣ некбин шудам, ҳазорҳо маротиба хушгумонӣ кардам, вале аздусар танҳо  ҳаёти пур аз фуҷур, беадолатиро  мушоҳида кардам. Наход ин дунё  танҳо аз машаққат , беадлӣ иборат бошад? Шарт аст сояи Худо дар замин бошад, будани  ворисони Аллоҳ ҳатмист. Як Раҳбаре бояд вуҷуд дошта бошад, ки иззати бандагонро муҳофизат намояд, бо меҳру ихлоси том идора кунад. Аз ин мебарояд мо аз ҷиҳати фикрӣ ақибмондаем. Аз ин лиҳоз ба доми залолат гирифтор шудем.

Куҷост он Раҳбари одил?

Куҷост он Маҷлиси Шӯро, ки намояндагони  вилоятҳои гуногун гирд омада, аъмоли Султонро муҳосиба мекунад, камбудиҳояшро нишон дода роҳи дурустро нишон диҳад?

Куҷост он Қозии Қуззо, ки  агар  намояндаи  аз номи халқи одӣ муроҷиат кунаду вай аз ояту ҳадисҳои ҳукми шаръӣ истинбот намуда ба омм эълон кунад?

Куҷост он Султони Одил ки  бо хаёли пуризтироб пуристифғор, чашмони ашкбор  бихуспад ва ба худ бигӯяд : Оё пагоҳ насиби зистан бошад бароям? Магар дар салтанати ман ягон нафаре гурусна саҳар кунаду аз ман ба Худо шикоят намояд , ман  пеши Худо чӣ мегуфта бошам?

Агар ин гуфтаҳоро феълан ба ягон вакили мардум бигуед гумон мекунад ки гӯё афсонаи ширине шунавида истода бошад. Ҳол он ки дар таърих айнан ҳамингуна  солҳои Саодат гузаштааст. Дар он даврҳо осудаҳолӣ ҳукмфармо буд, таҳти  сояи як давлат намояндагони динҳои мухталиф умргузаронӣ мекарданд.

Саҳобаҳо башорати бузургро, кафили саодати  дорайнро ҳазорҳо километр раҳ паймуда, то ба мо оварда расонданд. Бо амри Аллоҳ вазоифи бандагиро анҷом доданд. Дини мубораки Исломро бароямон ҳамчун амонат супурданд.

Мо бошем чӣ гуна рафтор кардем? Мо ҳаққи он Неъматеро, ки бо машаққатҳои зиёд талу теппаҳоро паси сар карда то ба ихтиёри мо омада буд, зоеъ кардем! Саҳобаву тобеинҳо ҳазорҳо фарсах раҳро тай намуда, ба мо оварда расониданд, мо бошем ҳатто наметавонем онро  ба ҳамсояамон расонем!

Касеи ки ҳамсояро ба раҳи ҳақ фаро хонда наметавонад, чизеро ки ба худ раво медонад, ба як мусулмони дигар раво намедидааст, метавонад мӯъмин бошад? Мо он масъулияте ки  бар дӯш дорем, адо нокарда, магар метавонем аз ҷаннаташ умедвор бошем? Ба кадом аъмол аз Худо шарму ҳаё накарда биҳишт мепурсед? Мусулмонон вазоифи худро фаромӯш карда, аз амри маъруф ва наҳӣ мункар саркашӣ карда, раҳбаронро ба раҳи ҳақ даъват нокарда оё метавонад ба мақоми Амир Ҳамза (р.ан) мушарраф гардад?!

Падарону Модарони мо  ба машаққатҳои даврони Иттифоқи Шӯравӣ сабру таҳаммул  намуданд, кунун  ҳангоми пиронсолӣ  аз ҷисмашон қувват рафтааст.Эшон ба ҷои дуову зикру истиғфор шабро субҳ мебояд кунанд, вале эшон  дар фикри “ пагоҳ ба наберагонам чӣ ғизо медода бошам? шабро саҳар мекунанд.

Аз Худо наметарсед?!  Ба ҷое ки мо Падаронамонро парвариш кунем, ба нафақаи онҳо ниёзманд шавем, чӣ пастфитратист! “ Илоҷ надорам, кор нест, пул нест, чӣ кунам, маҷбур ҳастам”  гуфтаниед?

Агар сари вақт андеша нанамоед, дер мешавад! Агар барои баргардонидани Иззати ҳаққониатон кӯшиш ба   харҷ намебурдаед, пагоҳ аҳволатон чӣ мешуда бошад?! Дақиқан бадтар мешавад.

Агар ба Падар раҳматон наёмад, ҳадди ақал ба ояндаи авлоди худ раҳм кунед, дар хусуси аҳволи худ дар рӯзи Ҳисоб андеша намоед.

Динро ба ҳаёт баргардонед, Адолатро, инсофро  эҳё намоед! Дигар роҳи наҷот нест.  Бо барпосозии  як давлати бузург, вазифаи бандагиро иҷро намоед!

Мунаввара.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт