Ҷээнбеков ба Туркия рахти сафар баст

Ҷээнбеков ба Туркия рахти сафар баст

Рӯзи 9 апрел раисиҷумҳури Қирғизистон бо сафари расмӣ аз Туркия боздид намуд. Вай дирӯз ба Анқара парвоз кард. Мувофиқи нақша Ҷээнбеков бо президенти Туркия Раҷаб Тоййиби Эрдуғон мулоқот хоҳад кард. Тарафҳо якчанд санадҳоро марбути сармоягузорӣ, обуҳавосанҷӣ ва варзиш мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Сониян сарони ду кишвар дар нишасти иттилоии мушатарак изҳорот медиҳанд. Рӯзи 10 апрел Сооронбой Ҷээнбеков бо нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим вомехӯрад. Ҳадафи асосӣ аз ташрифи Ҷээнбеков аз Туркия ба роҳ мондани мулоқоти сиёсӣ дар дараҷаи олӣ ба шумор меравад. Ин ҷиҳатро намояндаи хадамоти матбуотӣ хабар додаанд.
Мусоҳиби агентӣ афзуд:-“ Ташриф бо мақсади барпокунии мулоқоти сиёсӣ, мубодилаи афкор роҷеъ ба тавсеаи алоқаҳои савдо-иқтисодӣ бо Туркия ва густариш додани ҳамкориҳои минбаъда роҳандозӣ шудааст”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт