Ҷорӣ  кардани кардани « Исломи мӯътадил »  дар Арабистони Саудӣ идома дорад

Ҷорӣ  кардани кардани « Исломи мӯътадил »  дар Арабистони Саудӣ идома дорад

Бо иқдоми  Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон дар Арабистони Саудӣ татбиқи  лоиҳаи “ Исломи мӯътадил” мудовимат  дорад. Дирӯз хабари  кушодашавии  қиморхонаи «Baloot» дар пойтхати мамлакат Ар-Риёд омада расид .Дар он  маскан мардум асосан бо қартабозӣ шуғл меварзанд. Барои бозигари беҳтарин сурупоӣ муайян шудааст.  Бозигари беҳтарин 500 000 , бозигари рутбаи дуввум 250 000 ва касе ки ҷои саввумро ишғол мекунад, ҳамчун мукофот  соҳиби 100 000 риёли саудӣ хоҳад шуд.

  Бояд эътироф намуд, ки яке аз имомҳои Каъбаи муқаддас,  Одил ал-Калбонӣ низ дар бозиҳои казино ширкат варзидааст. Дар торнамоҳои иҷтимоӣ акси уро зимни бозӣ гирди мизи бозикунанда, дар даст қарта мушоҳида кардан мумкин аст.

Чанде пеш тавассути артиш чандин таҳсилгоҳҳои Арабистони Саудӣ тафтиш  ва адабиётҳо мусодира карда шуданд. Ба ҷои он ба миқдори 35 миллион китоби нав оварда шуд. Тавъам ин тағйирот дар мактабу мадрасаҳо  низ ҷорӣ гардид, дар муддати 10 рӯз бештар аз 200 ҳазор адабиёт гирифта шуд.Ба китобҳои таълимӣ тағйироти азим ворид гардид, мавҳум, мазмун ва моҳияти адабиётҳоро дигар карданд. Ба тариқи мисол,  матнҳои вобаста ба ҷиҳод ( соҳибӣ кардани мусулмонҳо кишварҳои дигарро), чунончӣ ривоятҳоро аз ҳаёти Хулафои Рошидин батамом ҳазф намуданд.  Ҷои арзандаи онҳоро мавҳуми  « эътидол, таҳаммул,  сулҳ  ва   ҳамдигарфаҳмӣ» ишғол кард.

Туркистон:  

Тӯли чандин даҳсолаҳо   омодагӣ ба ҷиҳод  асоси  барномаи таълимӣ дар Арабистони Саудӣ ба шумор мерафт. Ҳамзамон мақсаду мароми барномаи таълим  иборат буд аз воридсозии қавонини фиқҳӣ ва инкори мазҳабҳо. Бо баробари ҳамин мувофиқи системаи таълим шиаҳоро ҳамчун кофирон   муаррифӣ мекарданд, ҳамаро якрангг кофир мегуфтанд ва ҳатто онҳо  бадтар аз яҳудиҳо баҳогузорӣ мешуд. Дар он  солҳо олами куффор бар сарварии ИМА ва Бритониёи Кабир нақша доштанд гурӯҳҳои ҷиҳодӣ таъсис диҳанд. Саудиҳо дар фикри онанд, ки инсонро ақл идора мекунад, аз ин рӯ эшон дар барангехтани ҷангу ҷидол байни мусулмонҳо нақши  асосиро мебозанд .  Феълан куффор мавзеъгирии худро тағйир додааст, чун бештари мақсадҳои вай амалӣ нагашт. Зеро қабл аз эҷод кардани ҷанги бародаркуш байни  мусулмонҳо барояшон зарур аст Умматро ба ин ҷиҳат тайёр кунанд. Инак, мазмуну ҳадафи таълими барномаи нав дар Саудия айнан ҳамин ҷиҳатро муҷассам кардааст.  Онро хоҳ “ мӯътадил” бигӯем, хоҳ “анъанавӣ” ҳар ду якранг аст, мақсади куффор  халалдор намешавад. Вале агар дар хусуси мусулмонҳо ибрози андеша карданӣ бошем, пас агар мусулмон бар фоидаи куффор хизмат кунад, Шариат ӯро “хоин”, “саркаш”, “гумроҳ” меномад!  Худоё паноҳ деҳ аз ингуна аъмол!   

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт