Толибон ба “ДОИШ” ҷанг эълон кард

Толибон ба “ДОИШ” ҷанг эълон кард

  Ҷумбиши Толибони Афғонистон ба гурӯҳи “ДОИШ” ҷанг эълон кард. Ин хабарро васоити  ахбори оммавӣ  иқтибосан аз баёноти Толибон маълум намуд.

Дар изҳороти Толибон омадааст: “ ДОИШ ин ҳавориҷҳои  замонавӣ ҳастанд, як гурӯҳи беимону бешафқатҳо ва ҷангҷӯёни кироя, ба аҳли олам тухми адоват ва нифоқ мекошанд. Вай ҳамвора байни сунниҳо, шиаҳо ва исмоилиёни  Афғонистон фитна эҷод мекунад. Зидди  якдигар бармеангезанд, иттиҳоди мусулмонҳоро халалдор месозанд, имомҳоро мекушанд ва дини муқаддаси Исломро дар пеши назари аҳли олам беобрӯ мегардонад”.

Мувофиқи хабарҳо сабаби ҷанг эълон кардани Толибон, ғасб шудани уезди Дарзоби вилояти Ҷаузҷон аз ҷониби “ДОИШ”  мебошад. Гурӯҳи  ҳавориҷи ин ҷо ҷиноятҳои қабеҳ ба анҷом расонида,  20 нафари муҷоҳиди асируфтодаро қатл намуданд ва барои тавсеаи доираи  таъсири худ ҷаҳд кардаанд.

Тавре ки дар хабар таъкид мешавад, тарафдорони Толибон азм карданд, ки “ минбаъд дар ҳар гӯшаву канори сарзамини Афғонистон “ДОИШ”-ро маҳв сохта, муҷозот медиҳанд ва қасди муҷоҳидини  ҳалокшударо меситонанд”.

Туркистон:

Суоле ба миён меояд: ДОИШ дар фурсати кӯтоҳ  ба Афғонистон даромад, дорои қуввати ҳарбӣ гардид. Толибон бошад аз он  садчанд қавитар аст. Пас, чӣ  тавр ДОИШ Толибонро, ки ҳатто ИМА тайи чандин солҳои тӯлонӣ маҳв карда натавонист, торумор мекарда бошад?! Вай тавассути кадом марз ворид шуд? Техникаи  низомӣ ва аслиҳаро чӣ гуна гирифта гузашт? Ҳадаф чӣ буд? Наход дар хусуси ин ҳолатТолибон ва намояндагони уммати Исломӣ андеша накарда бошанд?! То ба кай ба  ин найранги куффор фирефта шуда, сипас ҷонибдори фоидаи онон шуда, иҷборан бархилофи манфиати  хеш ҳаракат мекунем? Ва алалоқибат ба бародаркушӣ даст мезанем!

Ба ҳамагон маълум аст, ки “ДОИШ”-ро Амрико бо ҳавопаймоҳояш ба Афғонистон кашонд. Дар он ҷо махсус ташаккул дод, аз ҳар ҷиҳат пуштибонӣ кард!

Наход мусибатҳои бародарони Афғони мо аз сари нав бархезад? Бародарони мо ки солҳои сол қурбони бозиҳои сиёсии ҷаҳолатпешагон шудаанд, наход ба шиканҷаи муддавом мубтало гарданд?

Мақсади ИМА аз ташаккул додани “ДОИШ”дар Афғонистон, тавассути тарсонидани  Осиёи Миёна тақвият бахшидани ҳолати низомӣ дар минтақа аст. Ҳамин тариқ вай  мехоҳад пойгоҳи ҳарбии худро дар тарафи шарқии Хитой мустаҳкамтар созад.

Аз ин вазъи муташанниҷ барои Ислом ва мусулмонҳо чӣ манфиат ҳаст ?!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт