Сарони   давлатҳои Русия , Туркия   ва Эрон  дар Анқара вомехӯранд

Сарони   давлатҳои Русия , Туркия   ва Эрон  дар Анқара вомехӯранд

Раисҷумуҳри Русия Владимир Путин бо пазироии президенти Туркия Раҷаб Тоййиби Эрдуғон бо ташрифи дурӯза аз Анқара боздид намуд. Ин хабарро РИА Новости пахш кардааст.

Ин  нахустин  ташрифи Путин баъди муваффақ шуданаш дар интихобот аст.

 Дар оғози  ташриф конфронси бахшида ба ҳамкориҳои  дуҷониба баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки Русия дар ҳамкорӣ бо Туркия сохтмони  неругоҳи барқии ”Аққую” созиш карда буданд.

Раҳбарони ду мамлакат барои рехтани пойдевори нахустини бетонӣ  ба якумин энергоблоки неругоҳ фармон доданд.

Баъдан музокироти байни Путин ва Эрдуғон дар доираи маҳдуд ва ҷаласаи шӯрои ҳамкориҳои дараҷаи Олии ду мамлакат баргузор гардид.  Пешбинӣ шудааст, ки пас аз  ин ҳама чорабиниҳо якчанд санадҳо байни давлатҳои Туркия ва Русия ба имзо хоҳад расид.

Рӯзи чоршанбе дар Анқара вохӯрии сеҷониба байни  сарони мамлакатҳои Русия, Туркия ва Эрон баргузор мегардад. Ин се мамлакати номбурда ба  нишасти  Остона, ки барои барқарории  сулҳ дар Сурия бахшида шудааст, аъзо  ҳастанд. Онҳо барои барпосозии сулҳу субот дар Сурия ҳамчун давлатҳои кафил маҳсубанд.

 Дар чаҳорчӯбаи ташриф раҳбарони Русия ва Туркия нақша доранд нишасти муштараки матбуотӣ гузаронанд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт