Ким Чен Ин дар Пекин бо раҳбари Хитой вохӯрд

Ким Чен Ин дар Пекин бо раҳбари Хитой вохӯрд

 Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо  ҳамсараш аз Хитой боздид намуда, бо раиси ҶМХ Си Тзинпин мулоқот кард. Ӯро бо такроран интихоб шуданаш ба ҳайси президентӣ шахсан муборакбод намуд ва тарафҳо авзоъи нимаҷазираи Кореяро муҳокима карданд.  Ин хабарро агентии“Синьхуа”  пахш  менамояд. Мувофиқи хабарҳо  раҳбарони ду кишвар вазъияти сиёсии кунунӣ дар минтақа ва авзоъи ҷаҳониро, тавъам алоқаҳои байни Кореяи шимолӣ ва Хитойро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

 Си Тзинпин гуфт:-“ Мо     мехоҳем бо дӯстонамон дар  Кореяи шимолӣ ҳамкорӣ ба роҳ монем. Ин чиҳат барои ояндаи ду кишвар хеле муҳим аст. Ҳамин тариқ ба алоқаҳои минбаъдаи дарозмуддати солим кӯмак  мерасонем ва баҳри манфиати давлатамон  кӯшиш ба харҷ мебарем. Чунончӣ асосгузорони сулҳу субот, рушди барқарорӣ  дар минтақа хоҳем шуд”.

 Бино бар маълумоти агентӣ Ким Чен Ин  бори дигар маълум кард, ки барои вохӯрӣ бо Доналд Трамп омода аст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт