Қирғизистон ба Афғонистон таъсиси консорсиюми сетарафаро пешниҳод кард

Қирғизистон ба Афғонистон таъсиси консорсиюми сетарафаро пешниҳод кард

 Дар шаҳри Тошканд конфронси байналмилалӣ таҳти мавзӯи “ Ҷараёни сулҳ дар соҳаи бехатарӣ ва ҳамшарикии минтақавӣ” баргузор гардид. Дар он  пешниҳодот марбути рушди  ҳамкориҳои байни Афғонистон,Тоҷикистон ва Қирғизистон  дар соҳаи агросаноат, мошинсозӣ ва таъсиси консорсиуми сетарафа садо дод.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев роҷеъ ба ин масъала ибрози андеша намуд:-“ Ба андешаи мо ҳамкориҳо дар масоили рушди саноат ва иҷтимоиёт барои Афғонистон судбахш хоҳад шуд. Ба туфайли  ҳамин  пешниҳод  дорем бо ширкати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон консорсиуми рушди аросаноат таъсис диҳем. Чунончӣ, гуфтанӣ ҳастам, ки оғози фаъолияти маркази тадқиқоти масъалаи Афғонистон, ки дар ситоди шаҳри Бишкек роҳандозӣ мешавад, ҳадди зарурист. Чашмдошт аст ин марказ барои ҳаллу фасли масоили   на танҳо  Афғонистон  балки тамоми минтақа ҳамчун майдони арзанда хидмат хоҳад кард.  Тарафҳоеро ки хоҳишманди  ҳамкориҳои минбаъдаи марбути ин лоиҳа  мебошанд, ба некӣ пазироӣ мекунем. Барои аз сари нав барқарор сохтани Афғонистон  саҳми соҳаи маориф ва маданият хеле    бузург аст.    Афғонистон ба кадрҳои болаёқат сахт ниёзманд мебошад. Имрӯзҳо бештар аз сесад ҷавонони афғон дар таълимгоҳҳои олии Қирғизистон дарси  маърифат меомӯзанд.Ба  андешаи  ман ин таҷриба барои дигарон низ фоидаовар хоҳад шуд”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт