Валиаҳди Саудӣ: Бештари маҳудудиятҳои  динӣ дар мамлакат аз Ислом нест

Валиаҳди Саудӣ: Бештари маҳудудиятҳои  динӣ дар мамлакат аз Ислом нест

Шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон паиҳам бо баромадҳои ғайричашмдошт аҳли Исломро дар ҳайрат гузошт. Инак, вай доир ба аҳкоми шаръӣ ибрози андеша намуда гуфт, ки бештари маҳдудиятҳои динӣ дар Арабистони Саудӣ аз аз ақидаи Ислом нест. Аз ин рӯ вай кӯшиш дорад пешвоёни маҳаллии динро ба тариқи ҷиддӣ ба ин ҷиҳат бовар кунонад. Шоҳзодаи валиаҳд бо муҳаррир ва хабарнигорони   рӯзномаи Вашингтон Пост тӯли як соат мулоқот орост. Ба андешаи ӯ дар сиёсати дохилии давлат бояд дигаргунӣ ворид сохт ва ҳаёти иҷтимоиро низ танзим мебояд. Аз ҷумла маълум кард, ки барои тавсеаи имконияти занони Саудия ҷидду ҷаҳд дорад.

“Ба андешаи  ман – гуфт ӯ- Ислом дини мӯтадил аст  ва мутобиқи ақл мебошад.Ислом оддӣ ва осон аст, вале мардум онро ба таври худ таъвил карда, ҳар сӯ тоб медиҳанд”.

Ба қавли Муҳаммад ибни Салмон ин иқдомҳо баъди машваратҳои муҳим  бо пешвоёни  дин дар Саудия , амалӣ мегардад. Вай таъкид кард, ки ингуна маҳдудиятҳо набояд як ҷузъи эътиқоди исломӣ маҳсуб ёбад. Аз ин рӯ вай бо раҳбарони дини консервативӣ мулоқоти тӯлонӣ кард ва ба паёмади самарбахш ноил гардид.

“Рӯзафзун теъдоди ҳамфикрони мо зиёд шуда истодааст. Ин аст самари машварати мо”- гуфт Шоҳзода.

Бояд таъкид кард, ки шоҳзодаи валиаҳд қабл аз сафари расмӣ ба ИМА , ба шабакаи телевизионии  CBS гузориш дода , паиҳам исрор намуд, ки  дини Ислом дини мӯътадил аст. Ва ҳукумати Саудӣ  зидди таасубгароӣ муборизаи шадид ба роҳ мемонад.

Вай чунин гуфт:-“ Дар гузашта эҳтимоли  тавсеаи таасубгароӣ дар таълимгоҳҳо сад дар сад буд. Минбаъд аз ин кор ҷилавгирӣ мекунем, намегузорем ғояҳои экстремистӣ ба соҳаи таълим таъсиррасон бошад”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт