Ширкати намояндагони “Толибон” дар нишасти Тошканд номаълум аст

Ширкати намояндагони “Толибон” дар нишасти Тошканд номаълум аст

 Дар конфронси байалмилалӣ, ки дар шаҳри Тошканд таъсис  меёбад, иштироки ҷунбиши “Толибон” зери суол аст. Нишасти мазкур асосан ба масоили Афғонистон бахшида шудааст, то ба имрӯз иштироки ноиби котиби Давлатии ИМА Ҷон Сулливан ва раҳбари масоили сиёсии Хориҷии ИА     Федерика Могеринӣ тасдиқ ёфтааст. Дар ин хусус Хадамоти иттилоотии вазорати умури Хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумоти то рӯзи 12 мартро хабар дод.

Дар сомонаи вазорат суолу ҷавоби фиристодаи агентии “Рейтер”эълон гардида, дар он мазмуну моҳияти конфронси пешбинишуда маълум карда шуд. Мувофиқи нақшаи ҷаласа иштироки раҳбарони давлати Ӯзбекистон ва Афғонистон, ноиби котиби Давлатии ИМА Ҷон Сулливан, раҳбари масоили сиёсии Хориҷии ИА Федерика Могеринӣ, вакили махсуси СММ оид ба Афғонистон Тадамичи Ямамото тавассути алоқаҳои дипломатӣ тасдиқ шудааст.

Ҳамчунин дар конфронси Тошканд, раҳбарони вазорати корҳои Хориҷии Русия, Туркия, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон иштирок мекунанд.

Дар хабари ВУХ  гуфта мешавад, ки аз ҷониби ҷунбиши “Толибон” то ба ҳанӯз ягон дархостнома роҷеъ ба ширкати онон дар ҷаласа наомадааст ва ё ин ки бо роҳи дипломатӣ маълум накардаанд.

 Туркистон: 

 Ногуфта намонад, ки чун ҳамеша конфронси Тошканд бо иқдоми ИМА роҳандозӣ мешавад. Он ба мо  конфронси “Женева,  Остона”-ро хотиррасон мекунад, ки бо мақсади ҷилавгирии гурӯҳҳои ҷангҷӯи мухолифати Сурия таъсис дода шуда буд. Мақсадашон низ аз ҳамдигар на он қадар фарқнок аст. Ин ҳам бошад ба чандин тоифаҳо ҷудо кардани ҷанговарони исломӣ ва онҳоро ба душманони моддӣ ва стратегӣ табдил дода  , тору мор кардани “Толибон” аст.

Сурияро ба ёд оваред, вакилони чандин қувваҳои моили мӯътадилӣ, хиёнатпешагон дар  конфронсҳо калавида гаштанд.  Ҳар кадоме агар аз созишу муросо бо  куффор саркашӣ намуда, бо аҳли хонавода, занону кӯдаконаш гирифтори куштори ҳамагонӣ шуда истодаанд.

 Олами куффор  боз конфронси дигар ташкил медиҳанд, ҳамин зайл алайҳи ҳаргуна ашхоси саркаш қатли омм мудовимат мекунад. Сониян, боз конфронси навбатӣ.. ва боз…..

Бешубҳа, конфронси Тошканд бо ҳадафи имзои созишномаҳо ва ё ин ки барои пойдор намудани сулҳу субот ва фаровонӣ роҳандозӣ нашудааст. Балки баръакс, байни мусулмонони порсо  ва мусулмонҳои “мӯътадилчиён” ҷарӣ  пайдо кардан аст! Сипас,  афроди соҳибэътиқодро ( гарчанд онон камшумор ва заъиф бошанд ҳам) ба монанди  ҳаракатҳои инқилобии Сурия куштори ҳамагонӣ эҷод карда, маҳв сохтан мехоҳанд!!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт