СММ ба  Ғутаи Шарқӣ ҳамчун ёрии башардӯстона озуқаи кирмхӯрдаро фиристод

СММ ба  Ғутаи Шарқӣ ҳамчун ёрии башардӯстона озуқаи кирмхӯрдаро фиристод

 Аз рӯи маълумотҳо  қуттиҳои озуқавории кӯмаки башардӯстонаи СММ, ки ба Сурия фиристодааст  пур аз маҳсулоти мӯҳлати исеъмолашон гузашта  будааст.

Шӯрои  Созмони Миллали Муттаҳид аз паси куштори ҳамагонии артиши Асад ва неруҳои  ҳавоии  Русия дар Сурия, қатънома доир ба ҷорӣ кардани сулҳи барашдӯстона бароия к моҳ, қабул карда буд.

Мувофиқи қатъномаи мазкур аз ҷониби СММ барои 27500 нафар аҳолии Ғутаи Шарқӣ  ҳамчун  кӯмаки инсондӯстӣ   орди гандум, ҳамчунин барои кӯдакони кӯчак маҳсулоти  махсуси хӯрокворӣ паҳн карда шуд. Вале гуфта мешавад ҳангоми кушодани қуттиҳои башардӯстонаи ташкилоти хайрияи СММ ба аҳолии Ғутаи Шарқӣ, аз даруни  он маҳсулоти кирмхӯрда ба назар расид. Дар наворҳои  пахшшуда дар торнамоҳои иҷтимоӣ, ба таври возеҳ дидан мумкин аст, ки аз даруни қуттияҳои хайрияи СММ хӯроквории кӯҳнашуда баромад. Тибқи хабарҳо баъзе маҳсулотҳоро кирмзада бошад, бештари он  мӯҳлати истеъмолашон аллакай сипарӣ шудааст.

Як марди сурёнӣ  расми он озуқавории башардӯстонаро   дар торнамоҳои иҷтимоӣ пахш кардааст, ба иддаои ӯ бештари маҳсулоти овардашуда фасоду бадбӯй шудагӣ аст ва тамоман  барои истеъмол ношоям мебошад.

http://www.iha.com.tr/video-bmnin-yardim-paketlerinden-kurtlanmis-yiyecek-ciktigi-iddiasi-116798/

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт