Барои сафари бевиза ба Ўзбекистон шитоб накунед!

Барои сафари бевиза ба Ўзбекистон шитоб накунед!

Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи 9 март ба созишномае имзо карданд, ки ба сокинони ду кишвар ҳаққи то 30 рӯз бидуни виза сафар кардан медиҳад. Аммо дар гузаргоҳҳои марзӣ ҳанӯз ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат намедиҳанд, ки бе виза вориди Ӯзбекистон шаванд. Мақомот мегӯянд, ин созишнома танҳо баъди тасвибаш аз сӯи парлумонҳо ба иҷро медарояд.

Баъди имзои созишномаи нав байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон сели мардум аз ҳарду кишвар ба марз рехтанд. Аммо дар гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба аксари ин хоҳишмандони сафар, ба ҷуз аз сокинони манотиқи марзӣ иҷозати вуруд намедиҳанд.

Як манбаи муталлеъ дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12 март ба хабаргузории «Азия Плюс” гуфт, бо вуҷуди имзо шудани созишномаи нав дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон шаҳрвандони Тоҷикистон набояд барои сафар ба Ӯзбекистон шитоб кунанд, зеро онҳоро дар марз имкони убур намедиҳанд.

Ин манбаъ гуфтааст:

 «Дарвоқеъ, дар созишномаи зикршудаи санаи 9июн дар Душанбебаимзорасида равуои шаҳрвандони ҳарду ду давлат ба қаламрави кишварҳо бидуни раводи ба муддати то як моҳ пешбинӣ шуда, аммо ин созишномаро аввал бояд парлумонҳои кишварҳо тасдиқ кунанд ва танҳо баъди ин он мавриди амал қарормегирад

Ҳамсӯҳбати «Азия Плюс” гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон талош хоҳанд кард, то созишнома дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон аз сӯи парлумонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳарчӣ зудтар, шояд дар зарфи то як моҳ тасвиб шавад. Маъмулан тасвиби созишномаҳои байнидавлатӣ ҳадди ақал се моҳро дар бар мегирад.

Дар ҳоли ҳозир, фақат сокинони ноҳияҳои воқеъ дар тӯли марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ҳақ доранд ба мӯҳлати то 5 рӯз ба кишвари ҳамсоя бе виза сафар кунанд.

Рӯзи 9 март раисиҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев шахсан созишномаи нав дар бораи тартиби равуои шаҳрвандонро имзо карданд. Бар асоси ин созишнома, сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳақ доранд ба муҳлати то 30 рӯз бидуни виза ба қаламрави кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Ин созишнома яке аз муҳимтарин дастовардҳои сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон шумурда мешавад. Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар беш аз 40 созишнома, аз ҷумла 27 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

Тоҷикистон аз байни кишварҳои ИДМ ягона кишварест, ки бо Ӯзбекистон виза дорад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт