Шри-Ланка: мусулмонҳо  таҳти ваҳму ҳарос умргузаронӣ доранд

Шри-Ланка: мусулмонҳо  таҳти ваҳму ҳарос умргузаронӣ доранд

Гарчанд дар ноҳияи Кандӣ воқеъ дар Шри-Ланка  вазъи фавқулодда ва соати комендантӣ ҷорист, аздусар   зӯроварии будпарастони сингал  ба мусулмонҳои камшумор рӯзафзун аст. Вале ягон кас нест ки дифоъ аз муслимини он диёр кунанд. Аз ин рӯ мусулмонҳои Шри-Ланка  аз ҳукумат норизо ҳастанд. Ин хабарро “ Голос  Ислама” иқтибосан  аз “azon.uz”  пахш намуд.

Фотима Ризқа ном ҷавонзани 25 сола ба “Al Jazeera” гузориш дода чунин гуфт:-“ Ман ҳамеша таҳти тарсу ваҳм рӯз мегузаронам. Шабона хобам  намебарад, метарсам. Аз байнамон мардҳо бо мақсади муҳофизати  мо ба  кӯчаҳо баромаданд, мо бошем  дар хона нишастем. Пулис моро ҳимоя намекунад. Онҳо танҳо мунтазири ҳамла дар миқёси васеъ мебошанд. Минбаъд чӣ мешавад, касе намедонад ”.

Рӯзи панҷшанбе аксар шаҳрҳои Кандӣ холӣ  буд, ба истиснои полис ва аскарон.

Фотима дар давоми гузоришаш маълум кард, ки алҳол буддоиҳои  Канд

 Ба иттилои Фотима Ризқа,буддоиҳои Кандида нақша доранд рӯзи ҷумъа, зимни намозгузорӣ ба мусулмонҳо ҳамла оваранд. Ба андешаи вай, ҷамоаи мусулмонҳоро зарур аст, ҳангоми дар намоз будани мардҳояшон, бехатарии  занону кӯдаконро таъмин намоянд.

Рӯйкарди зӯроваронаи охирин рӯзи якшанбе сар шуд. Он рӯз  дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Теледененияи ноҳияи Кандӣ, як  нафар буддоии сингал аз ҷониби мусулмонҳо мавриди латукӯб қарор ёфта буд.

Рӯзи дигар садҳо тан   буддоиҳои  сингал гирд омада, ба даҳҳо бинои истиқоматии мусулмонҳо , масоҷид ҳамла оварданд. Муассисаҳои сершуморро оташ заданд.

 Мутаасифона, аз сар задани ҳамлаҳои   таҷовузкорона инҷониб  неруҳои амният ягон нафареро боздошт нанамуд. Мусулмонҳо бошад аз бепарвогии ҳукумат изҳори нигаронӣ карданд ва худашонро беҳимоя эҳсос мекунанд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт