Эрдуғон: Татбиқи аҳкоми қарнҳои 14-15 номумкин аст

Эрдуғон: Татбиқи аҳкоми қарнҳои 14-15 номумкин аст

 Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тоййиби Эрдуғон дар маркази Конгресси  Миллӣ ва Маданият, зимни   барномаи бахшида ба ҷашнвораи байналмилалии занону духтарон,  8-март, нутқ эрод  намуд. Президент дар   суханронии худ  аз тақлиди занони  мусулмон ба анъанаҳои Ғарб изҳори нигаронӣ намуд, тавъам гуфт, ки татбиқи аҳкоми Исломӣ марбут ба қарнҳои 14-15 феълан номумкин аст. Ба андешаи вай, ҳамзамон бо тағйири замон ва шароит, ҳукмҳои  Ислом низ табдилу тағйир ёфта истодааст.

“Рӯзҳои охир мебинем , ки бархе ҳамчун шахсияти динӣ баромада карда,  роҷеъ ба масъалаи занон изҳорот медиҳанд, иҷтиҳоде эълон менамоянд. ки барои дини мо бегона  аст. Чунин афродро фаҳмидан мушкил аст, яъне чунин мепиндорӣ ки гӯё онҳо дар  қарни мо неву, дар як олами бегона , дар замон ғайр зиндагӣ мекарда бошад. Эшон то ба дараҷае оҷиз ҳастанд, ки навгониҳоро ба Ислом қабул надоранд. Ҳукми Ислом тағйирпазир аст. Шумо ҳаргиз он аҳкоме ки дар асрҳои 14-15 татбиқ шуда буд, имрӯз татбиқ намоед. Набояд ин тавр бошад. Зеро бо дигаргун шудани ҷой, макон  ва шароит Ислом низ дигаргун мешавад.Авлавияти Ислом низ айнан дар  ҳамин аст”- гуфт Эрдуғон.

Ин баёноти   Эрдуғон сабабгори сарусадоҳои баланд ва вокунишҳои мухталиф гардид. Баъдан, Раҷаб Тоййиби Эрдуғон дар  маросими ифтитоҳии академияи сиёсӣ,  ки дар бинои партияи “Адолат ва тараққиёт” ,  афкори худро роҷеъ ба “ Зарурияти тағйирёбии Ислом” эзоҳ дод.

“Ҳукми Қуръон дигаргун намешавад. Аммо Иҷтиҳод ва қоидаҳо бино бар шароитҳои замон тағйирёбанда аст. Бо баробари  дигар шудани замон аҳкоми Ислом низ дигаргун мешавад, ин ҷиҳатро набояд инкор намуд. Агар мо иҷтиҳодро тағйир надиҳем, пас худамонро фиреб медиҳем. Мусулмонҳо ҳамеша дар пайи рушду равнақ, ташаккул бояд бошанд. Ба фикри ман ,одамоне, ки умри худро ба Ислом бахшидаанд, дар ин масъала бо мо мувофиқанд.

Аз муассисаҳои дахлдор ва олимони гиромӣ хоҳишмандам, ки    бо ҷасорат ба ин масъала камарбаста шаванд. Вагарна, якояки мо сахт гуноҳкор хоҳем шуд”.

Вале президенти Туркия дар хусуси заноне, ки аз ҳаёти Ислом дур шуда, шабеҳи занҳои ғарб, аз либоси шаръӣ даст кашида, дар пляжҳо , фароғатгоҳҳо бо тани  қариб бараҳна гаштугузор дорад,  ҳарфе нагуфт. Дар шабакаҳои телевизионӣ силсила филмҳои  бешарму беҳаё, фарсахҳо дур аз қавонини Ислом намоиш дода мешавад. Ин ҳама фасодкорӣ бар асоси қадом  “иҷтиҳод” роҳандозӣ мешуда бошад?! Эрдуғон ин ҷиҳатро нодида гирифт, чизе нагуфт.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт